Дар озмуни Иттифоқи нависандагон касе соҳиби ҷои аввал нашуд

© Sputnik Игорь ЛекаркинНамоиши байналмиллалии китоб дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Намоиши байналмиллалии китоб дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар озмуни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти кишвар миёни шоирону нависандагон доир гардид, нафаре соҳиби ҷои аввал нашудааст.

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Озмуни шеъру ҳикоя ба муносибати 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон, ки миёни шоирону нависандагони кишвар гузаронида шуд ба анҷом расид, хабар медиҳад Ато Мирхоҷа ноиби раиси Иттифоқи нависандагон дар саҳифаи Facebook-и худ.

Китобҳои кӯдакона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Озмун: Кӣ бештар китоб хонда метавонад

Бино ба иттилои манбаъ,  дар бахши назм Камол Насрулло бо шеърҳои "Ватани хайру сахо" ва "Истиқлоли мо" ҷойи дуввумро гирифтааст. Абдуллоҳи Раҳнамо низ бо шеърҳои "Ҷойгоҳи Ватан" ва "Ватанро мафурӯш" ба ҷойи дуввуми ин озмун даст ёфтааст.

"Ҷойи аввалро касе нагирифт", қайд кардааст Ато Мирхоҷа дар саҳифаи  Facebook-и худ.

Муҳаммадалии Аҷамӣ, бо  шеърҳои "Садои ҷонбахшои сулҳ" ва "Ватан"-аш ҷои дуввумро гирифтааст.

"Дар бахши наср ҷойи дуюм ба ҳикояи «Оборванная нить»-и Нуриннисо Нуралишоева, ҷойи сеюм ба ҳикояҳои «Дили бача»-и Абдулҳамид Самадов ва «Бозгашт»-и Атахон Сайфуллоев сазовор дониста шуд",-меафзояд манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала