ҶҚ хабари ғайриқонунӣ ворид шудани тоҷикистониёнро ба кишвар рад кард

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксСарҳади Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ
Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Хабар дар бораи убури ғайриқонунии сарҳад асос надорад, гуфтанд дар мақомот. Вале дар қисми номуҳофизи сарҳад шахсони номаълум пойгоҳи оҳану бетониро вайрон кардаанд.

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Хабар дар бораи он, ки 40 шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба Қирғизистон ворид шуда, дар бораи ҳуқуқи коркарди захираҳои табиӣ даъво кардаанд, асос надорад, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти Мақомоти сарҳадбонии ҶҚ.

Мувофиқи маълумоти мақомот вазъият дар қисми сарҳадии ҳарду кишвар ором аст. Вале мақомоти сарҳадбонӣ хабар медиҳад, ки рӯзи 18 сентябр соати 23.50 шаш нафар шахсони номаълум ба сарҳади шартии Кок-Тоши ноҳияи Баткент ҳозир шуда, пойгоҳи бетониро, ки аз ҷониби мардуми маҳаллӣ гузошта шудааст, вайрон кардаанд.

Сарҳадбони қирғиз. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз низоъ: Бишкек ва Тошканд дубора сарҳадҳои худро боз намуданд

Баъди чанде ба ҷои ҳодиса мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳозир шуданд. Азбаски ин қисмати сарҳади давлатӣ мувофиқ карда нашудааст, ҷонибҳо қарор доданд, ки тибқи шартномаи дуҷониба ин мавзеъро мувофиқи низоми пештара муҳофизат мекунанд.

То субҳи рӯзи 19 сентябр пойгоҳи бетонӣ барқарор карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0