Донишҷӯёни Душанбе дар тӯли сол ройгон савори автобус ва троллейбусҳо мешаванд

© SputnikИштироки донишҷӯён дар ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Иштироки донишҷӯён дар ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мукофоти бепул савори нақлиёти ҷамъиятӣ шудани ба донишҷӯён дахл дорад, ки дар ҷашни 25-умин солгарди истиқлолияти ҶТ ширкати фаъолона доштанд.

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ҳамаи донишҷӯёне, ки дар ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии ҶТ ширкати фаъолона доштанд, метавонанд дар давоми соли равон, ройгон савори автобус ва троллейбус шаванд.

Қарори мазкур дар маҷлиси мақомоти шаҳрдории пойтахт қабул шуд. Ҳамин тавр  12,8 ҳазор нафар донишҷӯён аз пардохти маблағи роҳкиро дар автобусу троллейбусҳои шаҳр озод карда мешаванд. Ба ҳамаи онҳо билетҳои махсуси роҳкиро (проездной) дода мешавад.

Фарход Муминов дар қуллаи Албурс - Sputnik Тоҷикистон
Кӯҳнаварди тоҷик ба муносибати истиқлолияти ҶТ Албурсро тай кард

Ҷаласаи шаҳрдорӣ бо иштироки  вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои пойтахт ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеа доир гардид.

Дар баробари ин дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки ба муносибати 20-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 2 январ то 26 июни соли 2016 дар шаҳри Душанбе марафони меҳнати созанда гузаронида мешавад.

Ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 9 сентябр таҷлил карда мешавад.

© SputnikРоҳпаймоӣ дар ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар Душанбе
Празднование Дня Независимости в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Роҳпаймоӣ дар ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар Душанбе
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала