Брэд Питт: ман ғамгинам, вале беҳбудии фарзандонам аз ин муҳимтар аст

Обуна шудан
НовостиTelegram
Анджелина Ҷолӣ ҳуҷҷатҳояшро барои ҷудо шудан аз шавҳараш пешниҳод карда, сабабашро норозӣ будан бо усулҳои тарбияи Питт гуфтааст.

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Яке аз дурахшонтарин оилаҳои Голливуд-Анджелина Ҷолӣ ва Брэд Питт ҷудо мешаванд. Брэд Питт зимни мусоҳиба зикр кардааст, ки аз ин ҳодиса ғамгин аст, вале айни ҳол аз ҳама муҳимаш беҳбудии фарзандон аст.

"Ман аз васоити ахбори омма хоҳиш мекунам, ки дар чунин вақти ҳассос кӯдаконро нороҳат накунанд",-менависад  Reuters аз изҳороти Питт.

Ҳангомаҳо дар бораи ҷудошавии ин оила чанд вақт боз дар васоити ахбори омма низ вуҷуд дошт, вале хабар расмӣ дирӯз аз ҷониби ҳимоятгари Ҷолӣ расонида шуд.

"Ин қарор бо мақсади нигоҳ доштани муҳити солим дар оила қабул шудааст. Ҷолӣ ин ҳодисаро шарҳ намедиҳад",-иттилоъ дод ҳимоятгари ҳунарпеша Роберт Оффер.

Нашриёти Inquisitr менависад, ки сабаби ин муноқиша ва ҷудошавӣ эҳтимолан дӯстии наздики Питт бо ҳунарпешаи фаронсавӣ Марион Котийяр, ки дар филми "Союзники" бо ӯ бозӣ мекунад, бошад.

Дар баробари ин ВАО дар бораи муносибатҳои Питт бо Гвинет Пэлтроу, ки солҳои 1990-ум дӯсти наздикаш будааст, хабар дод, вале баъдтар ин хабарро рад кард.

Лентаи хабарҳо
0