Дастгир шудани дуздони хориҷӣ ва духтари 17 сола дар Душанбе

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ду шаҳрванди хориҷӣ ва як духтари 17 сола бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир градиданд.

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ду шаҳрванди Ҷумҳурии Либерия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир гардиданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД ҶТ.

Бино ба иттилои манбаъ ба мақомоти милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе дар хусуси қаллобӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 19.09.с.2016, дар кӯчаи Деҳи болои пойтахт ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Либерия, марди 49 ва 52-сола, муваққатан истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, худро тоҷирони калони ширкати хориҷӣ муаррифӣ  намуда, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 000-доллари амрикоӣ ва 10 000-евро гирифта, ғайб задаанд.

 "Ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Либерия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир гардиданд",-омадааст дар хабарнома.

Телефони мобилӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: тӯҳфа ва маблағи пулӣ барои хабари фаврӣ

Дар баробари ин манбаъ хабар медиҳад, ки кормандони мақомоти милитсияи ноҳияи Фирдавсии пойтахт сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ҷавондухтари 17-соларо ба гумони даст доштан дар дуздии як миқдор маснӯоти тиллоӣ ба маблағи умумии 9 ҳазор сомонӣ боздошт карданд.

Хадамоти матбуоти вазорат дар мавриди ин ҳодиса маълумот медиҳад, ки боздоштшуда пинҳонӣ ба манзили сокини 39-солаи шаҳри Душанбе ворид гардида, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Аз рӯи ҳарду ҳодисаҳои қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0