Интернети гарон ё чаро Тоҷикистон дар ҷойи 149-ум аст

Мувофиқи нишондодҳои Комиссияи СММ оид ба вазъи алоқаи интернет дар соли 2016 Тоҷикистон аз рӯи инстифодабарандгони инфиродии интернет дар ҷойи 149-ум қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Мавқеъи ҷуғрофии Тоҷикистон, набудани мутахассисони соҳа ва трафики қиммат-ин саббаҳои асосии ҷойи 149-уми Тоҷикистон дар байни 192 давлати ҷаҳон мебошанд.

Ҳуҷҷате, ки аз ҷониби комиссияи СММ омода карда шудааст, паҳншавии интенет ва вазъи дастрасӣ ба интернетро дар 191 кишвари ҷаҳон месанҷад.

Кор бо ноутбук. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Интернет дар Тоҷикистон шӯҳрати худро гум мекунад

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон, ки дар ҷойи 45-уми рейтинг қарор дорад, пешсаф аст. Узбакистон-106, Қирғиизстон-120 ва Туркманистон-160. Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ аз рӯи истифодабарии инфиродӣ Озарбойҷон (ҷойи 36), якум аст. Баъд, Русия-43, Беларус-68, Арманистон-72, Молдава-92, Украина-93, Гурҷистон-99 қарор гирифтаанд.

Sputnik Тоҷикистон бо ширкатҳои бузургтарини ҷумҳурӣ дар тамос шуда, вазъи кунунии интернетро дар кишвар пурсон шуд.

Манбаъ аз TOJNET изҳор дошт, ки сабаби дар чунин сатҳи паст қарор гирифтани Тоҷикистон  нархи гарони интернет дар кишвар мебошад.

"Мо интернетро аз Русия харидорӣ карда, он ба мо тариқи Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон интиқол меёбад. Ҳамин тавр то омада расидан аллакай худаш чанд маротиба қиммат мешавад",-қайд кард намояндаи ширкат.

Ба гуфти ӯ мушкилоти дигари ҷойдошта-нарасидани мутахассисони соҳаи мазкур мебошад.

"Аксари хатмкунандагони донишгоҳҳо дар ширкати мо зимни навиштани корҳои курсӣ ва дипломӣ таҷриба мегузаронанд. Тааҷҷубовар аст, ки ҳамаи мавзӯҳои интихобкардаи онҳо на мушкилоти муосир буда, устодон наметаовнанд ба онҳо мавзӯъҳои мубрами рӯзро пешниҳод намоянд",-хулоса карданд дар TOJNET.

Кор бо компютер. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз ҷиҳати истифодабарандагони интернет дар ҷои 114 қарор гирифт

Дар ширкати Saturn низ сабби асосиро дар гарон будани нарх мебинанд, вале дар баробари ин қайд карданд, ки мавқеи ҷуғроҷӣ ва зиёд будани кӯҳҳо дар Тоҷикистон низ барои паҳн кардани интернет дар ҳудуди ҷумҳурӣ мушкилӣ эҷод месозад.

"Барои насби интернет дар қишлоқҷойҳо, маблағгузорӣ лозим аст, ки баъдтар бояд баргардонида шавад. Ва ҳамин тавр нархи интернет низ боло мешавад",-изҳор дошт ба Sputnik манбаъ дар  Saturn.

Ба қавли раиси Ассотсиатсияи аператорони алоқаи мобилии Тоҷикистон Ғафур Иркаев истифодабарандагони асосии интернет дар Тоҷикистон ҷавонон мебошанд.

Дар ҳамаи ҷо-дар кафе дар хона-донишҷӯён ва хонандагони мактаб бо интернет сару кор гирифта дар саҳифаҳои иҷтимоӣ сӯҳбат мекунанд.

"Бо омор баҳс намекунам, вале нодуруст хоҳад буд агар гӯям, ки дар Тоҷикистон барои  дастрасӣ ба интрнет мушкилот аст. Эҳтимолан зимни истифодаи компютерҳои статсионарӣ мушкилот пайдо шаванд. Вале барои телефони ҳамроҳ доиман дар ҳамаи нуқоти кишвар интернет дастрас аст",-қайд кард ӯ.

Дар баробари ин аператорони алоқаи мобилӣ аз ҷониби худ кӯшиш мекунанд, то ҳарчӣ бештар нархи интренет дар кишвар паст карда шавад.

"Тоҷикистон-кишвари баландкӯҳ аст. Ин ҷо бидуни телефон роҳ гаштан амри маҳол. Интернет лозим аст, масалан барои фаҳмидани вазъи обу ҳаво. Наздики 3-4 миллион дар як рӯз ақаллан як бор аз интернет истифода мекунанд",-илова кард Ғафур Иркаев.

Агар ба рейтинги СММ баргардем, аз рӯи шумори корбарони инфиродии шабакаи интернет дар соли 2015 (аз рӯи фоиз нисбати тамоми аҳолии кишвар) дар тамоми ҷаҳон Исландия-98,2% пешсаф аст. Шаҳрвандони ин кишвар ҳама ба интернет дастрасӣ доранд.

Ба 10-гонаи беҳтарин бошад Люксембург, Андорра, Нарвегия, Лихтенштейн, Дания, Баҳрайн, Монако, Ҷопон ва Нидерландия шомиланд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала