Бо ёрии вазорати меҳнат 2,5 миллион рубли музди муҳоҷирон баргардонида шуд

Бригадаи иборат аз 13 нафар, ки дар яке аз иншоотҳои сохтмонии Санкт-Петербург, кор мекарданд чанд вақт боз музди меҳнаташонро нагирифта буданд.

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Вазорати меҳнатиТоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандони кишвар, муҳоҷирони меҳнатӣ кумак кард, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия.

Бори дигар бо кумаки намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиии Тоҷикистон дар Русия муҳоҷирони тоҷик музди худро ба қадри 2,5 миллион рубли русӣ баргардониданд.

Дар фурӯдгоҳи Домодедово. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати меҳнат барои баргаштани оилаи тоҷик ба ватан кумак кард

Сокини 33 солаи вилояти Хатлон ба вазорат муроҷиат кардааст. Ба қавли ӯ бригадаи иборат аз 13 нафар, ки дар яке аз иншоотҳои сохтмонии Санкт-Петербург, кор мекарданд чанд вақт боз музди меҳнаташонро нагирифта буданд.

"Бо сабабҳои номаълум бо гузашти ду моҳ баъди анҷоми кор, корфармо бо баҳонаҳои гуногун музди моро ба таъхир меандохт. Баъди муроҷиат ширкат ӯҳдадориҳои худро иҷро карда музди онҳоро мувофиқи шартнома пардохт кард",-қайд мешавад дар торномаи ҳукуматӣ.

Ҳамчунин чанде пеш Намояндагӣ ба бригадае, ки дар иншооти сохтмонии шаҳри Екатеринбург кор мекарданд ва музди худро ба қадри зиёда аз 1 миллион рубли русӣ нагирифта буданд ба онҳо баргардонд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала