Шимон Перес-собиқ президенти Исроил даргузашт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкСобиқ президенти Исроил Шимон Перес. Акс аз бойгонӣ
Собиқ президенти Исроил Шимон Перес. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъди бемории инсулт дорандаи ҷоизаи Нобелӣ таҳти назорати қатъии табибон қарор дошта, дар синни 93 солагӣ аз олам даргузашт.

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Собиқ раисҷумҳури Исроил Шимон Перес дар синни 93-согалӣ вафот кард, хабар доданд аъзои оилаи ӯ.

"Имрӯз бо андӯҳи бузург мо бо нӯҳумин президенти Исроил-падари ғамхорамон хайрухуш мекунем", гуфт писари ӯ Нехамия, ба рӯзноманигорон дар беморхонаи Тел-Авив.

Дорандаи ҷоизаи Нобелӣ дар пайи бемории инсулт, ки ду ҳафта пеш ӯро нороҳат карда буд, дар синни 93 солагӣ аз олам чашм пӯшид. Дар аввал табибон кӯшиш карданд ва ҳаттто мегуфтанд, ки нишонаҳои беҳбудӣ ҳувайдо шуда истодааст.

Аммо баъди чанде вазъияти собиқ президент бад шуд. Ба табобатхона тамоми хешу ақрабои Шимон Перес даъват карда шуданд, то бо ӯ хайрухуш кунанд.

Олимон гени сактаи мағзиро пайдо карданд

Перес, ки дар ҳудуди Белорусияи муосир ба дунё омада буд, охирин намояндаи оилаи асосгузорони Исроил ба шумор меравад, ки ташкилкунандаи барномаи ҳарбӣ-саноатӣ ва ҳастаиву меъморӣ мебошад.

Ӯ чандин маротиба ба ҳайси вазири кишвар кор карда, ду маротиба вазифаи сарвазирии мамлакатро бар дӯш доштааст. Солҳои 2007 ва 2014 дар симмати президенти Исроил адои вазифа намудааст. Барои ба имзо расонидани созишномаи сулҳ бо фаластиниҳо Перес соли 1994 ҷоизаи Нобелиро соҳиб шуд.

Лентаи хабарҳо
0