Қароргоҳҳои сарҳадбонӣ дар ҶТ: меваи густариши иқтисодии Чин

© Sputnik / Валерий Блинов / Гузариш ба медиабонкНуқтаи назоратӣ дар сарҳади Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Нуқтаи назоратӣ дар сарҳади Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо зиёд шудани таъсири иқтисодӣ, Чин ҳамкориҳои ҳарбӣ-низомиро бо дарназардошти вазъи кунунии Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш медиҳад, мегӯянд коршиносон оид ба ОМ.

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Пешниҳоди Чин оиди сохтани 11 пойгоҳи низомӣ дар сарҳади  Тоҷикистону Афғонистон набояд Маскавро ба таҳлука андозад, изҳор дошт ба  Sputnik коршиноси пажӯҳишгоҳи тадқиқотии стратегии Русия Дмитрий Александров.

Рӯзи душанбе маълум шуд, ки Чин барои таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба дарозии 1344 километр маблағ ҷудо мекунад. Ҷониби Тоҷикистон аллакай созишномаро тасдиқ кард, ки мувофиқи он Чин  барои таҳкими сарҳади Тоҷикистон 4 нуқтаи назоратӣ ва 1 маркази ҳарбӣ-омӯзиширо бунёд месозад.

Сиёсатшинос густариши ҳамкориҳои ҳарбии Чинро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ натиҷаи рушди таъсири иқтисодии ин кишвар хонд.

Доиншкадаи давлатии санъати Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Таҳлилгар: Чин монеаи вуруди Тоҷикистон ба ИИАО мешавад

"Дар пайи рушди таъсири иқтисодии Чин густариши ҳамкориҳо дар дигар соҳаҳо аз ҷумла ҳарбӣ ҳолати табиист,-қайд кард коршинос. Чин натанҳо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад, масалан чанде пеш дар Қирғиизстон бинои манзили зист барои хизматчиёни ҳарбӣ сохта буд".

Зиёда аз ин Александов ёдовар шуд, ки дар таҳкими амнияти сарҳадӣ  Чин аз аввалинҳо нест. ИМА низ барои дифои сарҳади қисмҳои ҷанубии кишвар маблағгузорӣ кардааст. Пешниҳоди Чин ба манфиатҳои Русия таҳдид намеорад, чунки ҳадафи ҳар ду кишвар ҳам якранг аст-ин мубориза бар зидди терроризм, ором намудани вазъи Афғонистон ва Осиёи Марказӣ мебошад.

"Албатта таъсири Чин дар ин минтақа зиёд шуда истодааст, махсусан дар соҳаи наонқадар оддӣ. Понздаҳ сол пеш, Чин танҳо ба соҳаи иқтисод диққат медод ва ба соҳаи ҳарбӣ-низомӣ қувва камтар сарф мекард,-илова кард коршинос.-Акнун Чин ба зинаи дигар баромад. Ҳамин тавр Чин мехоҳад бо сохтани буфери бехатарӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ муносибатҳои хуб ба роҳ монад".

Директори маркази тадқиқотии Донишгоҳи муносибатҳои байналмиллалии Маскав Андрей Казантсев низ дар мусоҳиба бо Sputnik изҳор дошт, ки вақтҳои охир Чин мабалағгузориро ба соҳаи амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд карда истодааст.

Барои мақсади мазкур  Чин чанд сабаб дорад: вазъи ноороми Афғонистон ва коҳиш ёфтани имкониятҳои Русия барои таҳкими амният дар минтақа.

Асқар Акаев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Акаев: Вашингтон бо баҳонаи мубориза зидди терроризм ба ОМ ворид гашт

"Дар робита бо ин ҳамчунин мувофиқа аст, ки тибқи он Чин, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон машварати амниятӣ доир менамоянд. Русия ба ин мувофиқа ҳамроҳ нест ва ин метавонад Маскавро ба таҳлука андозад. Ҳамин тавр Чин бечунучаро ӯҳдадориҳои худро оиди маблағгузорӣ барои таҳкими амният бар дӯш мегирад",-қайд кард Казантсев.

Аввоили моҳи август Чин, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар бораи ташкили эътилофи зидди террористии чор кишвар, ки барои гузаронидани омӯзишҳои муштараки ҳарбӣ ва мубодилаи иттилооти иктишофӣ ташкил шуд, ба мувофиқа расиданд.

Коршинос ёдовар шуд, ки қабалн Русия бо пуррагӣ амниятро дар кишварҳои аъзои СПАД махсусан дар Тоҷикистон ва Қирғизистон таъмин мекард. Чин танҳо соҳаи иқтисодро маблағгузорӣ мекард ва албатта аз он фоида медид. Русия бошад маъмулан аз таҳкими амният ягон маблағ намегирифт, қайд кард  ӯ.

"Ҳалли ин масъалаҳо бо мурури замон дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва "Иттиҳоди иқтисоди Роҳи Абрешим" мувофиқи мақсад хоҳад буд",-гуфт Казантсев.

Мувофиқи лоиҳа Тоҷикистон ӯҳдадор мешавад, ки амнияти коргарони чиниро дар сарҳад таъмин намояд. Ҷониби Чин ҳамчунин аз пардохти ҳамагуна андозе, ки бо сохтмони ин иштоот алоқаманд аст озод карда мешавад. Дар айни ҳол Чин яке аз сармоягузори асосӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0