Дар Узбакистон занон бо кӯдакони то 3-сола ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешаванд

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкЗанон ва кӯдакон. Акс аз бойгонӣ
Занон ва кӯдакон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Узбакистон, далели оддии модари фарзанди то 3-сола будан занонро аз бурдани ҷазои ҷиноӣ озод мекунад.

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Шахсони ба синни нафақа расида, маъюбон, хизматчиёни ҳарбӣ, занони ҳомила, заноне, ки барои ниоҳубини фарзанд дар рухсатӣ қарор доранд ва ҳамчунин заноне, ки фарзанди то 3-сола доранд мувофиқи тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Узбакистон аз бурдани ҷазои ҷиноӣ озод карда шудаанд.

Ҷамъоварии пахта. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Узбакистон меҳнати маҷбурӣ ва пахтачинии кӯдакон манъ шуд

Қаблан чунин имтиёз танҳо ба модароне, ки барои нигоҳубини фарзанд дар рухсатии меҳнатӣ қарор доранд, ки он ҳам се солро дар бар мегирад дода мешуд, вале барои ин лозим буд, ки зан бояд расман кор кунад ва то баромадани ҳукми ҷазо ба рухсатӣ баромада бошад, иттилоъ медиҳад Sputnik Узбекистон.

Дар баробари ин нисбати заноне, ки дар тарбияи фарзанди то 3-солаи худ қарор доранд, меъёрҳои ислоҳӣ истифода намешуд.

Айни ҳол бошад далели оддии модар будан ва доштани фарзанди то 3-сола занонро аз бурдани ҷазои ҷиноӣ озод мекунад.

Илова бар ин тибқи қонунгузорӣ заноне, ки фарзанди то 3-сола доранд барои содири ҷиноятҳои наонқадар вазнин, ҷиноятҳое, ки ба ҷомеа хатар надоранд, содири ҷиноят аз беэҳтиётӣ низ аз ҷазо озод карда мешаванд.

Ҳамин тавр дар аксари маврид барои чунин занон намуди сабуки ҷазо, масалан ҷарима таъин карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0