Отамбоев ҳамин ҳафта аз табобатхонаи Маскав рухсат мешавад

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкАлмосбек Отамбоев. Акс аз бойгонӣ
Алмосбек Отамбоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳафтаи гузашта хадамоти матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон хабар дода буд, ки Отамбоев барои гирифтани табобат ба рухсатии меҳнатӣ мебарояд.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро ба наздикӣ аз беморхонаи шаҳри Маскав ҷавоб медиҳанд.

"Мувофиқи ахбороти пешакӣ президенро ҳамин ҳафта аз табобатхона рухсат хоҳанд кард. Санаи аниқ то ҳол маълум нет",-хабар дод ба РИА Новости сухангӯи сафорати Қирғизистон дар шаҳри Маскав Гулбарчин Байимбекова.

Ҳафтаи гузашта хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон хабар дода буд, ки Алмосбек Отамбоев барои гирифтани табобат ба рухсатии меҳнатӣ мебарояд.

Ӯ барои табобати пурра гирифтан ба Дармонгоҳи клинкикии марказӣ ташриф оварда буд. Дар табобатхона бошад аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0