Роҳҳои Помири Шарқӣ устувории низомиёни Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русияро месанҷад

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкОмӯзиши низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон
Омӯзиши низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барномаи мошинронии экстрималӣ дар роҳи кӯҳии печ дар печ бо гардишҳои якбора ба фармондеҳон имкон медиҳад, ки устуворӣ ва ягонагии низомиёнро бисанҷад.

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik.Дар Тоҷикистон  низомиёни Округи ҳарбии марказӣ(ОҲМ) дар доманакӯҳҳои Помири Шарқӣ аз омӯзиш гузаштанд.

Пойгоҳи низомии 201-уми ФР дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Пойгоҳи низомии 201-ум барои артиши ҶТ афсарони хурдро омода мекунад

"Ҳарбиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар доманакӯҳҳои Помири шарқӣ  аз тайёрии психологӣ гузашта истодаанд. Барои машқ роҳи махсус бо дарозии 10 км ҷудо карда шудаааст, ки он аз роҳҳои печ дар печ, пастиву баландиҳои зиёд, гардишҳои якбора ва чуқуриҳо иборат аст",- хабар медиҳад хадамоти матбуоти ОҲМ.

Қайд карда мешавад, ки ба барномаи ронандагии низомиён муборизаи диверсантон, безараргардонии норинҷакҳо, гузаштан аз монеаҳо ва деворҳои оташин дохил мешавад.

Мувофиқи маълумотҳои Вазорати мудофиа ФР тайёрии психологӣ дар соли 2016 қисме аз омӯзишҳои низомии ҳарбиёни ОҲМ  гардидааст.

Барномаи ронандагии экстрималӣ имконият медиҳад, ки устуворӣ ва ягонагии низомиёнро имтиҳон кунанд. Мувофиқи натиҷаҳои машқ психологони низомӣ ба фармондеҳон кӯмак мерасонанд, ки то кадом андоза тайёр будани низомиёнро дар ин гуна машқҳои омӯзишӣ ва низомӣ санҷида шавад.

Лентаи хабарҳо
0