Бастани сарҳад бо ОМ-роҳ ба сӯи муҳоҷирати ғайриқонунӣ аст

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба фикри сиёисатшинос Аджар Куртов ташкили ҷойҳои нави корӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад ҷараёни муҳоҷиратро аз ин минтақа коҳиш диҳад.

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Мушкилоти муҳоҷиратро бо бастани сарҳад ва ҷорӣ намудани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳал кардан амри маҳол аст, изҳор дошт коршиноси Донишкадаи тадқиқотии Русия Аджар Куртов.

Ҳамин сол вакилони рус чандин маротиба дар робита бо авзоъи ноороми Афғонистон, пешниҳод доштанд, то бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сарҳад баста шавад, ё худ низоми раводид ҷорӣ гардад.

Намояндаи расмии ВКХ-и Русия Мария Захарова қарори бастани сарҳадро барои ҳалли мушкилот нодуруст гуфта даъват кард, ки  бо ин кишварҳо муносибати хубро барои муборизаи муштарак бурдан бо терроризм ва экстремизм вусъат диҳанд.

"Зиёд шудани ҷараёни муҳоҷират ба Русия-аз эҳтимол дур аст,-фикр мекунад Куртов. Дар қиёс бо солҳои 1990-ум, гурӯҳи Толибон имрӯзҳо на ҳамаи қаламрави Афғонистонро таҳти назорат доранд ва дар бораи ҳуҷуми худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ чизе нагуфтаанд".

Нуқтаи назоратӣ дар сарҳади Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қароргоҳҳои сарҳадбонӣ дар ҶТ: меваи густариши иқтисодии Чин

Сиёсатшинос ёдовар шуд, ки солҳои 1990-ум дар Афғонистон вазъият бадтар буд. Толибон сари қудрат омада, тамоми қаламрави онро таҳти назорати худ қарор доданд. Ҳамон вақт аксари мардум чун гурезагон тариқи  сарҳадҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ озими Русия шуданд, нақл кард Куртов.

Дар баробари ин ӯ қайд намуд, ки ҷараёни муҳоҷират он давра наонқадар ваҳмангез буд. Сухан дар бораи на миллион нафар балки якчанд ҳазор муҳоҷир мерафт. "Он замон таҳдиди бузург набуд, ва ба гумонам ин замон ҳам нахоҳад буд". Ҷараёни муҳоҷират он замон бештар ба Тоҷикистон равона буд на ба Русия.

"Вале хатар аз Афғонистон шояд ҷараёни муҳоҷиратро аз худи давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Русия зиёд намояд. Вале мақсади асосии муҳоҷират-ин ҷустуҷӯи роҳи беҳтари зиндагӣ аст, на таъмини бехатарӣ",-шарҳ дод коршинос.

Куртов бовар дорад, ки бастани сарҳад ба паст шудани ҷраёни муҳоҷират таъсири мусбат нахоҳад дошт. Баръакс, аксари гурӯҳи одамон барои ворид шудан ба Русия роҳи тарафи Осиёи Марказиро истифода мебаранд.

Вале роҳи раҳоӣ ҳаст-бояд ҷойҳои нави муштараки корӣ дар ин минтақа ташкил карда шаванд, то шаҳрвандони ин кишварҳо ба дигар мамлакатҳо муҳоҷир нашаванд.

Думаи давлатии ФР.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Интихоботи парлумонии ФР: кишварҳои ҳамсоя бояд интизори чӣ бошанд?

"Сиёсати ҳамгироии Русия дар доираи Иттиҳоди АруОсиё ба он равона карда шудааст, ки якҷоя ҷойҳои нави корӣ аз ҷумла дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкил карда шаванд",-хулоса кард сиёсатшинос. Ҳамин тавр, шаҳрвндони ин мамлакатҳо дар ватанашон метавонанд кор кунанд, зеро дар кишвари хориҷ барои кор ва зиндагӣ на ҳамешава шароити мусоид фароҳам аст".

Дар бораи муваққатан бастани сарҳад бори аввал вакилони рус баъди занозанӣ дар қабристони Хованское дар Маскав, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон низ иштирок доштанд, изҳор намуданд. Муовини расиси думаи Давлатии ФР Игор Лебедев ҳамон замон пешниҳод намуд, то муваққатан аз қабули муҳоҷирон худдорӣ карда шавад.

Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд. Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) зиёд шудааст.

Лентаи хабарҳо
0