Водии Бартанг: бидуни қувваи барқ оянда надорем

© Экологическая организация "Маленькая Земля"Истиқоматкунандаи водии Бартанг. Помир
Истиқоматкунандаи водии Бартанг. Помир - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Водии Бартанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои шароиташ мушкили кишвари мо ба ҳисоб меравад. Ҳавои ин минтақа ҳамавақт хунук буда,қувваи барқ дар ин минтақа қариб, ки нест

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik.Барои зинда мондан одамон охирон буттаҳоро ҷамъ меоваранд, аз оташдонҳои худсохт заҳролуд мешаванд ва ба болои ин тамоми мушкилиҳои рӯзгор ва бори зиндагӣ ба дӯши занон аст.

Онҳое, ки метонанд, зинда мемонанд

Қисми зиёди деҳаҳои водии Бартанг дар минтақаҳои садҳо километр аз роҳҳои асосӣ дур ҷойгир шудаанд. Роҳи ягона дар водӣ мушкил ва барои ронандагони бетаҷриба хатарнок аст.

Дар фасли зимистон роҳи асосӣ аз сабаби рехтани барфи зиёд маҳкам гардида, ҳангоми тобистон бошад аз сабаби зиёд шудани оби дарёча баста мешавад. Гоҳо аз сабаби рехтани санг ва ё боридани сел мошинҳои камёфти водӣ якчанд рӯзҳо то кушода шудани роҳ интизор мешаванд.

Барои нақлиёти фарсуда роҳ гаштан дар роҳ мушкил аст. Сокинон то ҳол ба хатҳои барқи марказӣ дастрасӣ надоранд, баъзеи онҳо тамоман бе қувваи барқ умр ба сар мебаранд. Одамон барои муътадил намудани ҳарорати хона ва ё тайёр кардани хӯрок аз ҳезум, буттаҳо ва ё поруи хушк истифода мебаранд.

Қисми зиёди мардони қобили меҳнати Бартанг маҷбуранд, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар кунанд, онҳо моҳҳои зиёд дур аз хона умр ба сар мебаранд, барои ҳамин ҳам бо корҳои вазнини хоҷагӣ низ занон ва кӯдакон машғул мешаванд, онҳо ҳузум ва дигар намуди сӯзишворӣ ҷамъ меоваранд.

Дар аксари деҳоти дурдасти кӯҳистон занон барои ҷамъ овардани ҳезум шуда масофаи калонро тай мекунанд ва вақти зиёдро сарф мекунанд. Баъзан онҳо дар ҳавои мушкил ва шароити хатарноки кӯҳистон дар ҷустуҷӯи сӯзишворӣ мешванд.

"То рафт дарёф намудани бутта бароямон мушкил мешавад. Мо пештар ҳезуми лозимаро аз наздикии қишлоқ мекашонидем, ҳоло бошад ба дуриҳо меравем ва аз ҳамин сабаб барои ҷамъ овардани сӯзишворӣ шуда, қисми зиёди вақтамонро сарф мекунем. Буданд ҳодисаҳое, ки кӯдакон барои аз як тарафи дарёча ба дигар тарафи он интиқол додани ҳезум шуда, ба об мефтиданд ва ё занон ба мушкилиҳои гуногун дучор мешуданд ",- мегӯяд Гулсара Қаландарбекова, сокини деҳаи Нисур.

Дар водӣ на ҳама метавонанд, ки ҳезум ва ё ангишт харидорӣ кунанд. Барои сокинон харидорӣ намудани он гарон аст.

"Ҳоло дар мо як килограмм  ҳезум 75 дирам аст, 1 кг ангиш бошад- 1 сомониву 20 дирам. Ҳангоми фаро расидани фасли зимистон онҳо боз қимматтар мешаванд. Одатон ҳамсояҳо якҷоя маслиҳат карда, як мошинро киро намуда, ҳезум меоранд, агар на роҳпулӣ хело ҳам гарон мешавад. Аммо қисми зиёди сокинони ин маҳал наметавонанд ба 3-4 зҳр сомонӣ сӯзишворӣ харанд, зеро қисми зиёди онҳо фақирона умр ба сар мебаранд",- мегӯяд Розиқ Яфталиев.

Водии Бартанг қишлоқе дорад, ки дар он ҳоло ягон намуди растанӣ боқӣ намондааст. Сокинони ин қишлоқ аз дурии 200-250км аз Рушон ва маркази вилоят Хоруғ  дар баллонҳо газ меоранд.

© Экологическая организация "Маленькая Земля"Сокинони водии Бартанг
Жители Бартангской долины (Памир) - Sputnik Тоҷикистон
Сокинони водии Бартанг

Ин намуди сӯзишвори ба сокинони ин минтақа ҳам қиммат мебошад ва ҳам вақти зиёдро сарфа мекунад. Қисими зиёди маблағи оилаҳо барои керосин ва салярка сарф мешавад, ки ба воситаи он хонаҳои худро равшан мекунанд ё барои пухтани хӯрок истифода мебаранд. Нархи як литр керосин дар ин ҷо 10 сомонӣ мебошад.

 

Табиат хароб мешавад

Чун натиҷаи нарасидани сӯзишворӣ дар тамоми кишвар, аз ҷумла дар ВМБК бурриши  дарахтон ва кӯтоҳ намудани буттаҳо ба назар мерасад. Аз ҳамин сабаб бе ҳамин ҳам табиати камёфти ин минтақа нобуд мешавад.

"Барои зимистонгузаронӣ, ба як хоҷагӣ қариб 3-4 тонна ҳезум лозим мешавад,- мегӯянд сокинони маҳаллӣ.- Барои ин миқдор ҳузумро ҷамъ кардан, бояд майдони калонеро аз растанӣ холӣ кард".

Ба гуфтаи роҳбари ташкилоти экологӣ "Замини кӯчак" Тимур Идрисов ин ҷо олами наботот ва ҳайвоноти ваҳшӣ, ки то рафт онҳо кам мешаванд, дар натиҷа нобуд мегарданд.

"Бурридани беша боиси афзоиши вайроншавии хок мешавад, паст шудани шароити чарогоҳҳо ва бештар ба офатҳои табии боис мешавад",- мегӯяд вай.

"Пештар дар баландии сатҳи баҳр мо буттазорҳои ангат доштем, дар дараҳо дарахти булут ва тӯс ба назар мерасид, ҳар ҷо ҳар ҷо буттаи зирк(барбарис- шарҳ аз идора) ва настаран мерӯид. Ҳоло бошад ба гузашти солҳо табиат куллан дигар шудааст- ангат ва дигар намуди буттаҳоро мо қариб, ки решакан кардем- акнун ба ҷойи бешазор биёбон мондааст. Якҷоя бо растанӣ ҳайвонот низ талаф ёфтаанд. Масъалан ҳоло аҳён аҳён метавон хирси қайҳварангро во хӯрд,- мегӯяд Розиқ Яфталиев, сокини деҳаи Нисур.

Дуди оташдон заҳролуд мекунад

Аз сабаби набудани қувваи барқ, сокинони маҳаллӣ аз бухориҳои худсохт истифода мебаранд. Ба гуфтаи эколог Идрисов  дар дунё ҳамасола аз сабаби бемориҳои роҳи нафас, ки аз дуди заҳролуд бемор мешавад, зиёда аз 4 млн нафар одамон вафот мекунанд.

"Ҳаштод фоизи онҳо занон мебошанд, зеро асосан занон ба кори  хона машғул мешаванд- хӯрок тайёр мекунанд, кӯдакони кӯчак бошанд ҳамавақт дар наздикии онҳо қарор доранд",- мегӯяд вай.

Ягон намуди маълумот дар бораи зарари дуд ба саломатии сокинони водии Бартанг, ба гуфтаи Идрисов, маълум нест. Аммо ҳодисаҳои аз сабаби шароити вазнин бемор шудани сокинонро метавон аз ҳамаи сокинон шунид.

"Мо вақти бештарамонро дар назди оташдон мегузаронем ва ба мо кайҳо буйи дуд нишастааст. Ҳоло бештар барои тайёр намкудани хӯрок бештар аз ҳезуми тар ва ё пору истифода мебарем: пас аз ҷамъ овардани сӯзишворӣ фурсат намешавад, ки онро хушк кунем. Ё ҳангоми дар болои бом мондан онҳо тар мешаванд, зеро бисёри одамон ҳезумҳои худро дар болои бом нигаҳ медоранд. Бисёр занон ва кӯдаконамон ба касалиҳои гуногун гирифтор мебошанд, ба монанди ҳамавақт сурфа мезананд ва ё аксар вақт шамол мехӯранд. Гоҳо аз дуд заҳролуд мешаванд. Ҳангоми зимистон, вақте ки хонаҳоро гарм мекунем бояд бодиққат бошем, то хона ба дуд пур нашавад", — мегӯяд Ашӯрбика Мавлонбикова аз деҳаи Рошорв.

Ҳамасола дар давраи тирамоҳу зимистон ВКД Тоҷикистон, аз минтақаҳои гуногуни кишвар хабари марги оилаҳоро ҳангоми нафас кашидан аз оксиди карбон(ангишт) мерасонад.

© Экологическая организация "Маленькая Земля"Сокини водии Бартанг
Жительница Бартангской долины (Памир)  - Sputnik Тоҷикистон
Сокини водии Бартанг

Роҳи наҷот ҳаст

Ба мушкилиҳои энергетикӣ пеш аз ҳама занон рӯ ба рӯ мешаванд. Маҳз онҳо дар торикӣ таваллуд мекунанд, дар ошхонаҳои дудолуд кор мекунанд ва дар кӯҳҳои хатарнок ҳезум ҷамъ меоваранд. Духтарон калон мешаванд ва аз сабаби набудани боз ҳамон қувваи барқ, бе гирифтани маълумот мемонанд.

"Барои беҳбуди вазъият мо бояд ба қувваи барқ таъмин шавем. Мо бояд аз обгармкунакҳои офтобӣ  истифода барем", — мегӯяд Ошурбика Малабекова.

Ба гуфтаи Тимур Идрисов барои ҷорӣ намудан ва истифода бурдани барқароршавандаи энергия ва истифодаи технологияҳои каммасраф, ба монанди ошхонаҳои офтобӣ, бухориҳои арзон чароғҳо ва батареяҳои офтобӣ бояд истифода бурд ва ба ин восита аз ҳезум ва ангишт камтар истифода карда, саломатии сокинонро эмин нигаҳ дошт.

"Ин маънои онро дорад, ки занон ва кӯдакон камтар бемор мешаванд, оилаҳо маблағҳои худро сарфа мекунанд, вақти холигӣ ёфт мекунанд барои фарзандон ва тарбияи онҳо вақти худро сарф мекунанд. Беш аз ҳама захираҳои табиат эмин мемонад",- бо боварӣ мегӯяд вай.

Лентаи хабарҳо
0