Мурабии мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол вафот кард

Обуна шудан
Мухтор Қурбонов фаъолияти худро дар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе оғоз намудааст. Мавсуф ҳамчунин тӯли солиёни зиёд мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро тамрин мекард

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik.Мухтор Қурбонов- мураббии дастаи "Истиқлол" ва дарвозабонони мунтахаби ҷавони Тоҷикистон дар синни 56-солагӣ аз олам чашм пӯшид, хабар медиҳад сомонаи расмии "Истиқлол".

Санаи ҳафтуми октябр Мухтор Қурбонов аз олам чашм пӯшид.

"Устоди варзиш фаъолияти кории хешро дар дастаи "Истиқлол" оғоз кардааст. Соли 2012-ум бошад якҷоя бо дастаи "Истиқлол" Ҷоми президенти АФК-ро ба даст овардааст. Мавсуф тайи солиёни зиёд дарвозабонони тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро низ тамрин кардааст. Дар бозии дӯстонаи байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Фаластин Мухтор Қурбонова ба дастаи тими миллии Тоҷикистон кӯмак мерасонид",- омадааст дар хабар.

Бояд қайд кард, ки футболбозони тоҷик ва Ветнам дар Қатар пеш аз оғози бозиии дӯстона бо лаҳзаи хомӯшӣ  мурабии марҳумро поси хотир намуданд.

Лентаи хабарҳо
0