Хушию хафагиҳои Саши Заифӣ дар Маскав: ҷои тоҷикон Тоҷикистон аст

© Фото : Из личного архива Саши ЗаифиСаши Заифӣ. Акс аз бойгонӣ
Саши Заифӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саши Заифӣ, овозхони маъруфи тоҷик, ки аксарияти пиру барнои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сурудҳояшро аз ёд медонанду шуҳраташ марзи ҷумҳуриро убур кардааст, баъди барномаҳои консертияш дар толори “Мисис”-и Маскав бо Sputnik Тоҷикистон сӯҳбати кӯтоҳе анҷом дод.

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Саши Заифӣ таъкид намуд, ки ҷои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ин ҷо нест, балки  Тоҷикистон аст.  Ин барди тоҷик, ки сурудҳояш барои бисёриҳо шиори зиндагӣ шудаанду шахсияташ ҳатто барои мухлисони ашаддӣ нокушода мондааст, дар сӯҳбат сабаби интихоби тахаллуси Заифӣ, устоди аввалин ва далели санъаткор шуданашро шарҳ дод.

— Нахуст Саши Заифиро, ки аз Мурғоб,  дурдасттарин ноҳияи Тоҷикистон ба дидори ҳамватанон ба Русия омадааст, дар бораи он пурсидем, ки истиқболи мардуми Маскав чӣ гуна буд?

Консерти Саши Заифӣ дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Маскав консерти барди тоҷик-Саши Заифӣ баргузор шуд

— Ман шод аз онам, ки мардум сурудҳо, шеърҳои маро азёд медонанд. Ҳастанд ҳунармандони зиёд, ки халқ худи онҳоро мешиносад, яъне онҳо ном доранд вале  на эҷодиёташонро. Вале нисбати ман бошад баръакс ҳаст. Мардум худи маро намешиносанд, онҳо бо эҷодиётам хуб ошно ҳастанд. Он истиқболи самимии мардумро, ки имрӯз буд ин ҳурмати ман не, ҳурмати эҷодиёти ман аст. Бароям беҳад хурсандиовар  аст, ки ман сурудро шурӯъ мекунам ва тамошобинон бошанд онро ба анҷом мерасонанд. Ин чиз бароям хушбахтии бузург аст.

-Дар даврони кӯдакӣ кадом касбро интихоб карда будед?

— Дар хӯрдӣ мехостам овозхон шавам. Дар хӯрдӣ  орзӯҳои соддаи кӯдакона буданд, ҳаваси сарояндаи оддӣ шуданро доштам. Фикр намекардам, ки чунин шӯҳрат пайдо мекунам. Ягона бард дар қаламрави Тоҷикистон мешавам. Срудҳоямро имрӯзҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон донандагони забони форсӣ гӯш мекунанд, ин бароям фахри баланд аст.

-Киро дар роҳи санъат устод мешуморед?

— Албатта, Лидуш Ҳабиб ӯ устоди ҳамаи мо ҳаст. Вале маро бештар фалак, сахтии зиндагӣ, ноинсофӣ, нокасӣ, бенавоӣ, мушкилоте, ки маро дар зиндагӣ иҳота мекард, ба ҷодаи санъат овард.

-Чи чиз дар зиндагӣ ба шумо хушбахтӣ мебахшад?

— Маро танҳо се чиз дар зиндагиям шод мекунанд, аввалан намоз, дуюм фарзандонам ва сеюм кор. Дирӯз писарам ҷарроҳии вазнинро аз сар гузаронид, шукри Худо ки ба хубӣ анҷом ёфт ва ман имрӯз (манзур аз 8-уми октябр шарҳ аз идора) хушбахтии дутарафа дорам. Якум,  ҷарроҳии писарам, ки ба хубӣ гузашт, Худо ба писарам бори дигар саломатӣ бахшид ва дуюм баргузории бомувафаққияти консерт.

-Чаро тахаллуси Заифиро интихоб кардед?

— Тахаллуси Заифӣ аввал аз шоири дигар Саид Фаррухшоҳ буд. Ӯ ин тахаллусро  баъди дидани  шиканҷаҳои мардуми афғон нисбати бадахшониён гирифт. Ман бошам солҳои 1992-юм, ки дар кишвар ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ авҷ дошт, боз ҳамон зулмро мушоҳида мекардам ва ба хулоса омадам, ки ҳамон зулме, ки буд, боз омадааст, пас чаро тахаллус нав бошад, бигзор тахаллус ҳам ҳамон бимонад.

-Зиндагии тоҷиконро дар ғарибӣ чӣ гуна баҳо медиҳед, ҳаёташон дар Маскав нисбатан хуб шудааст ё на?

— Тоҷикистон бузургтарин ҷою макон аст. Бале дар ин шаҳри бузург хуб аст кор кардан ва ҳастанд нафароне, ки дар ин мулк ба мартабаҳои баланди зиндагӣ низ расидаанд, вале ман боварӣ надорам, ки тоҷикистониён метавонанд дур аз ватан дар Русия хушбахт шаванд. Ҷои тоҷикон-Тоҷикистон аст. Халқи тоҷик танҳо дар Тоҷикистон метавонад комилан хушбахт бошад. Дур аз ватан будан барои тоҷикон ин як ҷазои илоҳист, то ба қадри ҳам бирасанд. Ва дур нестанд он рӯзҳо, ки гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон мушкил шавад ва хостори дар Тоҷикистон зистан низ зиёд гардад. Шахсан ман намехоҳам, ки тоҷикистоние  аз Тоҷикистон ҷудо бошад.

-Шахсан ба шумо шаҳри Маскав писанд аст?

— Бале ҳамчун шаҳри мутамаддин ба ман писанд аст, вале беҳад калон.  Чун ман мусиқачӣ ҳастам бароям шаҳи пур аз ғавғо онқадар писанд нест. Аз сабаби калон буданаш зиндагӣ дар ин шаҳр аз рӯи низоми механикӣ сурат мегирад, ман дар чеҳраи ягон нафар эҳсосоти самимиву зиндаро мушоҳида накардам. Вақте дар роҳравҳо ё дар метро ба одамон нигоҳ мекунӣ дарк кардан бисёр душвор аст, ки ин нафар хушҳол аст ё ғамгин. Дар рӯи ҳама одамон танҳо як эҳсосот, эҳсосоти номуйаянӣ ҳувайдост. Барои одамият дар чунин фазо, зиндагӣ кардан хеле душвор аст.

© Фото : Из личного архива Саши ЗаифиСаши Заифӣ
Саши Заифӣ - Sputnik Тоҷикистон
1/5
Саши Заифӣ
© Фото : Из личного архива Саши ЗаифиСаши Заифӣ дар Маскав
Саши Заифӣ дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
2/5
Саши Заифӣ дар Маскав
© SputnikКонсерти Саши Заифӣ дар Маскав
Консерти Саши Заифӣ дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
3/5
Консерти Саши Заифӣ дар Маскав
© SputnikКонсерти Саши Заифӣ дар Маскав
Консерти Саши Заифӣ дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
4/5
Консерти Саши Заифӣ дар Маскав
© SputnikКонсерти Саши Заифӣ дар Маскав
Консерти Саши Заифӣ дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
5/5
Консерти Саши Заифӣ дар Маскав
1/5
Саши Заифӣ
2/5
Саши Заифӣ дар Маскав
3/5
Консерти Саши Заифӣ дар Маскав
4/5
Консерти Саши Заифӣ дар Маскав
5/5
Консерти Саши Заифӣ дар Маскав

-Бо кадом сарояндаи рус ё оҳангсоз ҳамкорӣ кардан мехоҳед?

— Суруд хондан бо ягон сарояндаи рус ҳавас надорам. Чун гарчанде ман ба забони русӣ шеър нависам ҳам, аммо тарзи фикронии мо аз мардуми рус ба куллӣ фарқ мекунад. Вале шиносоӣ бо бархе аз сарояндгону ҳунармандони рус бароям хуш мебуд. Махсусан Андрей Макаревичро бисёр дӯст медорам, эҷодиёташро беҳад ҳурмат мекунам. Агар имкон мебуд, ки бо ӯ ҳамсӯҳбат шавам, аз ин кор бисёр хушҳол мешудам.

-Аз таронаҳоятон кадомашро бештар меписандед?

— Ҳамаи сурудҳоям бароям чун фарзандам ҳастанд. Вале аз ҳама беш ба гумонам суруди "Машен винтов ми тамоми дунё маз баланд куен налакчуд" (Моро кӯҳҳои баланд  нагузоштанд, ки тамоми дунёро бубинем)-ро дӯст медорам.

Лентаи хабарҳо
0