Притчин: амниятиҳо бояд боэҳтиёт ба хонаҳо ворид шаванд

© Sputnik / Murad OrujovСтанислав Притчин, сиёсатшиноси рус. Акс аз бойгонӣ
Станислав Притчин, сиёсатшиноси рус. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон дар сурати таҳдиди амали террористӣ метавонанд ҳуқуқи ба хонаҳо даромаданро гиранд

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон таклиф намуданд, ки ба қонуни "Дар бораи кормандони амнияти миллӣ" тағийроту иловаҳо ворид карда шавад.

Ҳангоми қабул гардидани ин қонун, намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо мекунанд, бе иҷоза вориди  хонаҳои мардум шаванд ва ҳангоми пайдо шудани таҳдиди террористиӣ бе қарори суд вориди хонаҳои одамон гарданд.

Қайд карда мешавад, ки пешниҳоди ҳукумат бо ҳифз ҳаёт ва саломатии мардум вобаста аст. Лоиҳаи тағйирот ба қонун барои баррасӣ ба парлумон пешниҳод карда шудааст.

Sputnik Тоҷикистон кӯшиш намуд, то муайян намояд, ки чӣ боиси пешниҳоди чунин меъёрҳо шудааст.

Котиби Шӯрои амнияти ФР Николай Патрушев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Патрушев ва Қаҳоров вазъияти Афғонистонро баррасӣ карданд

Ба гуфтаи Александр Притчин, номзади илмҳои таърих ва корманди илмии Маркази таҳқиқоти Осиёи Марказии Донишкадаи шарқшиносии АИР, Тоҷикистон ба ин восита қудрати ҳукуматро таҳким мебахшад, ки сабаби он дар мубориза бо терроризм ва гурӯҳе мебошад, ки бо ҳукумати имрӯза розӣ нестанд.

"Барои ин минтақаъ мушкилии терроризм хело ҷиддист, масалан ба наздикӣ, собиқ полковник аз Тоҷикистон бо ДИИШ пайваст ва акнун дар сафи онҳо ҷанг мекунад. Ин ҳолат наметавонад мақомотро нигарон накунад. Барои ҳамин қисман ин тағйирот дар мубориза бо терроризм вобаста мебошад",- қайд кард коршинос.

Притчин қайд намуд, ки мубориза бо терроризм — ин мушкилоти мураккаб аст. Барои самаранок намудани мубориза бо терроризм, бояд шароитҳои иқтисодиро низ беҳтар намуд, илова намуд вай.

Пешниҳоди ҳукми қатл аз ҷониби прокурори генералӣ

Ба ақидаи Никита Мендкович, сиёсатшинос коршиноси Шӯрои Русия оид ба масъалаҳои байналмиллалӣ ин гуна чораҳо маҳз дар заминаи мубориза алайҳи таҳдидҳои терроризм ба амал оварда мешаванд.

"Дар Тоҷикстон қабул гардидани ин қонун ваколатҳои воқеии амниятро васеъ мекунад, аммо ҳангоми ба назар гирифтани ҳолатҳои мушкили Афғонистони ҳамсоя, ба амал татбиқ намудани он пурра аз мадди назар дур нест",- мегӯяд Мендкович.

Дар амал татбиқ гардидани ин қонун  дар ҳамон ҳолат имконпазир  аст, ки агар дар мавқеи худ ва дар доираи худ истифода бурда шаванд, қайд намуд сиёсатшинос.

"Ба амал омадани ҳолатҳое мумкин аст, ки дар онҳо ин меъёр  ҳатто зидди занон истифода бурда шаванд, масъалан агар онҳо мусаллаҳ ва ба ҳаёти дигарон хатарнок бошанд. Дар ин ҳолат,  тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани рейд ва кофтукови қонуншиканиҳо мебошанд. Ин таҷрибаро Ӯзбакистони ҳамсоя низ дорад, ки дар он ҷо ин гуна рейдҳо мунтазам шуда мегузаранд,  ҳатто дар ИМА низ ин чорабинӣ дида мешавад, ки дар аввали солҳои 2000-ум "Санади ватандӯстона "-ро қабул кард. Ин санад ҳуқуқҳои хадамоти амниятро васеъ кард. Муҳим он аст, ки ин гуна чораандозиҳо бодиққат ва боэҳтиёт истифода бурда шавад, он гаҳ истифодаи он пурра мумкин аст",- мегӯяд коршинос.

Хотиррасон мекунем, ки ба наздикӣ дар Русия қонун дар бораи ташкил додани Гвардияи Русия қабул карда шуд. Яке аз қисмҳои баҳсноки он — ба низомиёни ин гурӯҳ иҷозат додани тирандозӣ аз болои гурӯҳи одамон мебошад.

Мендкович ҳамчунин қайд намуд, ки ташкилотҳои Русия майли аз ҳад зиёд истифода бурдани яроқро надоранд. Беш аз ҳама кормандон ҷинояткоронро розӣ мекунанд, ки бо роҳи осудагӣ таслим шаванд.

Лентаи хабарҳо
0