Сергей Лебедев: вазъи муҳоҷират дар ҷаҳон тезу тунд шудааст

Дар Боку ҷаласаи 19-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти муҳоҷирати кишварҳои ИДМ баргузор мегардад. Шӯро дорои таҷрибаи бузург дар соҳаи муҳоҷират мебошад.

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон вазъи муҳоҷират тезу тунд гардидааст, изҳор дошт роҳбари Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) Сергей Лебедев.

"Имрӯз дар дунё дар соҳаи муҳоҷират вазъият тезу тунд гардидааст. Шӯрои роҳбарони хадамоти муҳоҷирати кишварҳои аъзои ИДМ дар танзими равандҳои муҳоҷират нақши муҳимро мебозад",-гуфт Лебедев зимни кушодашавии ҷаласа.

Дар Боку рӯзи чоршанбе ҷаласаи 19-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти муҳоҷирати кишварҳои ИДМ.

Санҷиши ҳуҷҷатҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони ИДМ муҳоҷирати ғайриқонуниро муҳокима мекунанд

Дар кори ҷаласа баррасаи 18 масъала: вазъияти муҳоҷират дар ИДМ, натиҷаҳои кори гуруӯҳӣ оид ба ташкили хазинаи умуӣ барои ҳуҷҷатҳои беэътибори шаҳрвандони ИДМ, таҷрибаи Озарбоёҷон оид ба кам кардани ҳолатҳои бешаҳрвандӣ, ташкили низоми ягонаи шахсони бе шаҳрвандӣ ва шаҳрвнадони давлатҳои сеюм, ки ба қаламрави кишварҳои ИДМ дохил мешаванд ва ғайра дар назар аст.

Раиси кумита оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсони ИДМ Ориф Раҳимода  қайд кард, ки Шӯро дорои таҷрибаи бой дар соҳаи муҳоҷират мебошад.

"Танзими равандҳои муҳоҷиратӣ дар таҳкими муносибатҳои байниҳукуматӣ ва байналмиллалӣ нақши муҳим дорад. Озарбойҷон аввалин кишваре буд аз байни давлатҳои ИДМ, ки кодекси муҳоҷиратро қабул кард. Барои ба пуррагӣ ба низом даровардани соҳаи муҳоҷират бояд қонунҳои иловагӣ қабул карда шаванд",-изҳор дошт ӯ.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала