Дар Маскав ҷасади духтари ноболиғро дар соҳили дарё пайдо карданд

Мувофиқи маълумоти пешакӣ духтар чордаҳсол доштааст. Дар ҳоли ҳозир кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи ҳодиса тафтишот бурда истодаанд.

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Дар Маскав ҷасади духтари ноболиғ пайдо шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба ВКД-и шаҳри Маскав.

"Мо дарёфт шудани ҷасади духтари ноболиғро дар кӯчаи Уралская тасдиқ мекунем",-гуфт афсари навбатдор.

Бино ба иттлиои манбаъ аз хадамоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷасади духтари ноболиғ дар соҳили дарёи Голяновский пайдо шудааст. Мувофиқи маълумоти пешакӣ духтар чордаҳсола будааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ тафтишот оғоз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала