Тоҷикистон аз ҷиҳати бехатарӣ аз Русия ва Қирғизистон пеш гузашт

Дар ҷадвал ҷойи аввалро дар байни 141 кишвар Финландия бо гирифтани 6,70 қарор дорад. Дар ҷойи дуввум Қатар меистад, ҷойи саввумро бошад – Аморати Муттаҳидаи Араб мегирад. Пасон кишварҳои Исландия ва Австрия натиҷаҳои хуб нишон доданд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik.Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои бехатартарини ҷаҳон, ки аз ҷониби Форуми иқтисодии умумиҷаҳонӣ ташкил карда шудааст, ҷойи 76-умро гирифтааст.

Коршиносон ба сатҳи бехатарии Тоҷикистон 5,30 хол додаанд.

Қазоқистон дар ҷойи 72-юм қарор гирифт, ки аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як зина боло аст. Қирғизистон бошад дар зинаи 97-ум ҷой гирифтааст.

Сайёҳони хориҷӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сайёҳон ба Тоҷикистон 82 миллион доллар фоида оварданд

Ҷойи аввалро дар раддабандӣ Финландия гирифтааст, ки ҳамагӣ 6,70 хол ба даст овардааст. Дар ҷойи дуввум Қатар меистад, ҷойи саввумро бошад — Аморати Муттаҳидаи Араб мегирад.  Пасон кишварҳои Исландия ва Австрия натиҷаҳои хуб нишон доданд.

Ҷолиби диққат аст, ки Русия бо гирифтани ҳамагӣ 3,95 хол дар охири ҷадвал қарор гирифтааст.

Аз ин тадқиқот бармеояд, ки аз ҳама кишвари бехатар Нигерия, Колумбия ва Яман мебошанд.

Дар хулосабандии ин тадқиқот нишондодҳое ба монанди шумораи ҷинояткорӣ дар кишвар, сатҳи боварии аҳолӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тавоногии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муҳофизати аҳолӣ ба мадди назар гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала