Боздиди Кумитаи андози Тоҷикистон аз Хадамоти андози ФР

Дар чорчӯбаи вохӯрӣ мутахассисони Хадамоти андози ФР ба ҳамкорони тоҷикашон дастовардҳои хешро пешниҳод намуданд, ки дар маъмурияти андоз аз он истифода мебаранд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik.Ҳайъати Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав бо намояндагони Хадамоти федерелии андози(ХФА) Русия во хӯрданд, хабар медиҳад ХФА ФР.

"Мақсади сафари ҳайъати тоҷик — шиносоӣ бо таҷрибаи маъмурикунонии андози ХФА Русия мебошад",- омадааст дар хабар.

Муовини раиси хадамот қайд кард, ки Хадамоти федералии андози Русия дар фаъолияти худ аз технологияи пешқадам истифода мебаранд.

Ҳамчунин меҳмонон аз имкониятҳои хизматрасониҳои электорнии хадамоти андоз дидан намуданд.

Намояндагони ҳайъати Тоҷикистон ба дасовардоҳи кормандони андози Русия ва заминаи техникии онҳо баҳои баланд доданд. Қайд гардид, ки техникаҳои истифодашаванда имконият медиҳанд, ки амалиётҳои маъмурӣ осон карда шавад, раванди тиҷорат ва шаффофияти иқтисодиёт бошад, такмил ёбад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала