Даниэл Рустамов-дорандаи камарбанди сиёҳ ва иштирокчии “X-Фактор”

Обуна шудан
Ҳунарманди ҷавони боистеъдод аз Душанбе дар барномаи “X-Фактор”-и Украина ҳунарнамоӣ карда, бо сурудхониаш тамоми тамошобинон ва ҳакамонрро тасхир кард.

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Даниэл Рустамов дар баробари суруд хондан ҳаводори бузурги варзиш мебошад. Ҷавони боистеъдод дар барномаи "X-Фактор"-и Украина бо суруди Radioactive-и гурӯҳи Imagine Dragons баромад кард.

Баромади Даниэл Рустамов тамошобинон ва ҳамаи аъзоёни ҳакамон- Константин Меладзе, Юлия Санина, Андрей Данилко, Антон Савлеповро дар ҳайрат гузошт.

"Мардум одат кардаанд ва фикр мекунанд, ки аз Тоҷикистон танҳо барои кор меоянд, ҳама мардикоранд. Ин маро хеле маҳзун мекунад",-изҳор дошт сароянда зимни баромад.

Ӯ иқрор шуд, ки аз хурдсолӣ орзуи шинос шудан бо Константин Миладзеро доштааст.

"Аз аввал як баромади оддӣ, вале баъдтар кас наметавонад аз ҳунарнамоӣ чашм канад. Чунин менамояд, ки қуввае ё чангаке туро мекашад",-гуфт Константин Миладзе дар бораи ҳаводори худ.

"Ба фикрам ҳамин-"харизм" аст. Шумо ҳаловат бурдед ва мо ҳам ҳамчунин. Ва дар умум як иди ҳақиқӣ барпо шуд. Офарин!",-илова кард оҳангсози машҳур.

Мо бо Даниэл, ки аввалин сарояндаест аз Тоҷикистон, ки дар чунин барномаи бонуфуз ширкат кардаааст, дар тамос шудем.

Ба гуфти сароянда, қаблан ӯ дар консертҳои наздимактабӣ баромад мекард ва баъдан бо рафиқаш-Шерзод Латифзода гурӯҳи "One Way"-ро ташкил карданд.

Аксҳои Шуҳратҷон Ёров - Sputnik Тоҷикистон
Аккос Шуҳратҷон Ёров: мехоҳам симои дигари Тоҷикистонро нишон диҳам

"Мо бо хушнудӣ дар тарабхонаҳо ва клубҳлои замонавии пойтахт баромад мекардем, ба тамошобинон низ писанд буд,-мегӯяд сароянда. —Баъди нокомӣ дар барномаи "Голос" ман шикаста шуда будам, фикр мекардам, ки наметавонам дар Русия номи Тоҷикистонро баланд бардорам".

Даниэл бовар дорад, барои бори дигар ба худ омаданаш нақши аҳлу оилааш хеле бузург аст.

"Буданд давраҳое, ки ман танҳо навор мегирифтам ва онҳоро дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ҷой медодам. Моҳе ҳам нагузашта ба ман як духтарак занг зад ва пешниҳод кард, то дар барномаи "Х-фактор" иштирок кунам. Санаи баромадро муайян карданд ва ман ба он ҷо рафта баромад кардаму, ғолиб омадам",-мегӯяд бо хурсандӣ Даниэл.

Дар баробари сурудхонӣ Даниэл ҳамчунин ба рақс ҳам мекунад, вале қаблан ҷиддӣ бо варзиш машғул мешудаст.

"Аз хурдӣ ман ба таэквандо (ИТФ) машғул будам. Таҳти роҳбарии мураббии номдор-Далер Тюряев машқ мекардам. Баъдан соли 2011 барои таҳсил ба Молдава рафтам. Дар он ҷо низ машқ мекардам. Мураббиям-Алексей Тентюк буд. Ҳатто камарбанди сиёҳ низ дорам, вале баъдтар аз варзиш рафтам. Ва ба соҳаи мусиқӣ машғул шудам. Дар ҳоли ҳозир донишҷӯи бахши 2-юми Донишкадаи фарҳанги Маскав мебошам",қайд кард Даниэл.

Ба қавли Даниэл баъди чанде ӯ барои иштирок дар даври дуюми "Х-Фактор" ба Украина меравад.

Ёдовар мешавем, ки дар ин лоиҳа иштирокчиён тариқи шунидани оммавӣ интихоб мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0