Зинаи 140-уми Тоҷикистон дар рейтинги нави Фифа

© Freshfocus / Гузариш ба медиабонкБинои Федератсияи байналмиллалии футбол дар Сюрих. Акс аз бойгонӣ
Бинои Федератсияи байналмиллалии футбол дар Сюрих. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рӯйхати рейтинги Фифа, ки имрӯз нашр карда шудааст, чор зина боло рафт. Қаблан мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 144-ум қарор дошт.

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дастаи футболи миллии Тоҷикистон дар моҳи октябр дар раддабандии Фифа чор зина боло рафта,  дар мақоми 140-ум қарор гирифт, хабар дода мешавад дар торномаи расмии ташкилот.

Рӯйхати нави рейтинги мунтахабҳои гунонуи ҷаҳон имрӯз аз ҷониби такшилоти Фифа дар торномаи ин ташкилот нашр гардидааст.

Виталий Левченко. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Виталий Левченко: ғолибият ба осонӣ ба даст наомадааст

Мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги қаблии Фифиа дар сатри 144-ум ҷой гиритфа буд. Мувофиқи пешгӯиҳои football-rankings.info мунтахаби миллии Тоҷикистон то охири моҳи октябр 6 зина боло рафта, ҷои 138-умро хоҳад гирифт.

Ёдовар мешавем, ки нишондодҳои беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги (ҷанвал) мунтахабҳои миллии ҷаҳон, соли 1993 дар ФИФА қайд гардид. Баҳори соли 2013 даста ҷойи 113-умро гирифтааст. Нишондоди пасттарин соли 2002-ум ба қайд гирифта шуд, ки мунтахаб ҷойи 168-умро байни 207 даста ба даст овард. Дар натиҷаи рейтинги якмоҳа, нишондоди пасттарини мунтахаб, як сол пас, яъне дар соли 2003- ҷойи 180-ум қайд гирифта шуд.

Лентаи хабарҳо
0