Ансамбли Игор Моисеев дар Италия рақси помирӣ нишон медиҳад

© Sputnik Амир ИсаевРақси помирӣ. Акс аз бойгонӣ
Рақси помирӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сокинони Верона имкон пайдо мекунанд дар баробари рақси тоҷикӣ боз бо 10 навъи дигари рақси кишварҳои гуногун ошно шаванд.

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Ҳунармандони ансамбли академияи рақси ба номи Игор Моисеев дар форуми 5-уми АвруОсиё дар шаҳри Верона дар саҳнаи театри "Филармонико" баромад мекунанд.

Ансамбл ба мухлисони рақс барномаи "Рақсҳои мардуми ҷаҳон"-ро пешкаш менамоянд, хабар медиҳад торномаи ташкилот.

Консерти Саши Заифӣ дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Маскав консерти барди тоҷик-Саши Заифӣ баргузор шуд

Тамошобинон бо рақсҳои халқҳои гуногун аз қабили-рақсҳои халқи рус, рақси колмикӣ, рақси молдовӣ, рақси ҷугиҳо, рақси бессарабӣ, рақси гурӯҳии юнонии "Сиртаки", рақси помирӣ, рақси узбекӣ, рақси чӯпонони аргентинӣ "Гаучо", рақси гурӯҳии "Яблоко" ва "Тарантелуи ситсилиягӣ" шинос хоҳанд шуд.

Ансамбли давлатии академии рақсҳои халқӣ ба номи Игор Моисеев соли 1937 аз ҷониби хореограф ва ҳунарманд Игор Моисеев ташкил карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала