“Шабе дур аз Ватан” дар Алмаато намоиш дода мешавад

Намоиши “Шабе дур аз Ватан”-и Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов дар Фестивали VI байналхалқии “Қазоқистон – дили АвруОсиё” иштирок мекунад.

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Намоиши "Шабе дур аз Ватан"-и Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов дар Алмаато ба саҳна гузошта мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги ҶТ.

Фестивал аз 22 то 29 октябр бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Қазоқистон бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон дар шаҳри Алмаато баргузор мегардад.

Театр.doc-и Маскав аз Наврӯз таҷлил мекунад. Бо усули помирӣ

"Шабе дур аз Ватан" дар асоси ашъори Бозор Собир, бо коргардонии ҳунарпешаи шинохта  Нозим Меликов рӯи саҳна омадааст. Нақшҳои асосиро дар намоиш Моҳпайкар Ёрова, Абдумӯъмин Шарипов ва Сӯҳроб Ҷанҷолов иҷро мекунанд. Ҳайати панҷнафараи театрро дар Қазоқистон директори театри мазкур Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Толиб Бобоев роҳбарӣ хоҳад кард",-омадааст дар хабарнома.

Бояд қайд кард, ки намоиши "Шабе дур аз Ватан" то ин муддат дар чандин фестивал ва озмунҳо дар Федератсияи Русия, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон иштирок намуда, соҳиби дипломҳо ва ифтихорномаҳо гардидааст.

Фестивали VI байналхалқии "Қазоқистон — дили АвруОсиё" аз 22 то 29 октябр бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Қазоқистон бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон дар шаҳри Алмаато баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала