Парлумони Ироқ гардиши машруботи спиртиро дар кишвар манъ кард

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Парлумони Ироқ 14 қонуни тоза ба имзо расонид. Дар яке аз қонунҳо омадааст, ки минбаъд харид, фурӯш ва истеҳсоли машруботи спиртӣ дар кишвар мамнӯъ мегардад

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik.Ҳафтаи гузашта парлумони Ироқ бо имзои як қонун- гардиши нӯшокиҳои спиртиро дар кишвар манъ кардааст, хабар медиҳад сомонаи Sputnik нашрияи форсӣ.

Ба гуфтаи яке аз намояндагони Маҷлиси Ироқ, дар умум дар парлумон 14 қонун ба имзо расидаст, ки яке аз онҳо харид, фурӯш ва истеҳсоли машруботи спиртиро манъ мекунад.

Манбаъ дар идома меафзояд, ки дар суръати вайрон кардани ин қонун шахсони хусусӣ 20 ҳзр. долар ҷаримабандӣ карда мешаванд.

Ба ақидаи мунтақидон тавусиби ин қонуни тоза бо қонунгузории асоси кишвар мухолифат мекунад ва онҳо ба наздики ба Додгоҳи кишвар шикоят хоҳанд кард.

Пеш аз ба имзо расидани ин қонун харид ва фурӯши масводи машрубот дар китшвар суръат мегирифт ва мағозаҳои Ироқ иҷозаи фурӯши ин намуди маҳсулотро доштанд, мефзояд манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0