Зайнаб Раҳмоноваи 50-сола дар ФР шаш моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуд

© AP / Ben Fox Зиндони Гуантанамо. Акс аз бойгонӣ
Зиндони Гуантанамо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шаҳрванди Узбакистон Зайнаб Раҳмоноваро аз рӯи моддаи “убури ғайриқонунии сарҳади Федератсияи Русия” ба зиндон кашиданд

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Бо иттиҳоми убури ғайриқонунии сарҳади Федератсияи Русия шаҳрванди Узбакистон аз ҷониби додгоҳи вилояти Омск шаш моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуд, хабар медиҳад прокуратураи маҳаллӣ.

"Додгоҳи вилояти Омски ФР Зайнаб Раҳмоноваи 50 сола-ро ба шаш моҳи маҳрумият аз озодӣ бо бурдани ҷазо дар калонаи низомаш умумӣ маҳкум кард",-омадааст дар хабарнома.

Шаҳрванди Узбакистонро аз рӯи моддаи "убури ғайриқонунии сарҳади Федератсияи Русия" гунаҳкор шумурданд.

Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷавони 20 солаи тоҷик дар Маскав 4 сол аз озодӣ маҳрум гардид

Мувофиқи маълумот, санаи 22-июли соли 2016  корманди Хадамоти сарҳадбонии ФР  Зайнабро  дар бораи надоштани иҷозаи вуруд (10 сол) ба ҳудуди ФР хабардор карда буд. Вале Раҳмонова  баъди чанде аз Узбакистон ба таври ғайриқонунӣ ба қаламрави ФР дохил шудааст.

"Барои ворид шудан ба қаламрави ФР ӯ ба миёнаравон ба қадри 1200 доллари амрикоӣ пул додааст. Онҳо ӯро тариқи Қазоқистон ба Русия дохил кардаанд",-хабар доданд дар прокуратура.

Ҳамин тавр, 19 августи соли 2016 аз ҷониби додгоҳи вилояти Омски Федератсияи Русия Зайнаб Раҳмонова ба шаш моҳи маҳрумият аз озодӣ маҳкум карда шуд. "Шаҳрванди Узбакистон ба гуноҳи худ пурра иқрор шуд",-илова карданд дар прокуратура.

Лентаи хабарҳо
0