Шумораи гирифторони гепатити А дар Тоҷикистон ба 10000 расид

Шумораи беморони гепатити А имсол дар Тоҷикистон ба 10000 нафар расид. Аз байни онҳо 85%-ро кӯдакони то 14 сола ташкил медиҳанд. Ду сол қабл ин нишондод ба 7,5 ҳазор нафар баробар буд

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар мавсими баҳор ва тирамоҳ махсусан хурӯҷи ин бемориҳо дар кишвар мушоҳида мешавад. Имсол шумораи гирифторони гепатит то 40 фоиз зиёд шуд.

Аксари беморон дар пайи нӯшидани оби ифлос гирифтори гепатит шудаанд. Дар баробарии ин гепатит аз ҳисоби зиёд шудани партовҳо дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон хуруҷ мекунад.

Дар таваллудхона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустӣ: дар Тоҷикистон фавти кӯдакон то 2 маротиба кам шудааст

Мақомоти тандурустӣ мегӯянд, ки кишвар наметавонад ҳамаи шаҳрвандонро бо ваксина таъмин намояд. Мазҳ барои ҳамин ҳам мутахассисон мегӯянд, ки бояд ба ташкили коргоҳҳои тозакунӣ диққати бештар равона карда шавад.

Гепатит А-як навъи бемории ҷигар аст, ки дар пайи ба бадани инсон дохил шудани вируси гепатити А хуруҷ мекунад. Асосан вирус дар пайи нӯшидани об баъди шахси заҳролуд пайдо мешавад.

Ҳамчунин дар аксари маврид беморӣ метавонад дар пайи паст будани сифати ғизо, ифлосӣ ва риоя накардани гигиенаи шахсӣ сар занад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала