Дар Анталияи Туркия инфиҷори шадид ба амал омад

© Flickr / William John GauthierПолис дар Туркия. Акс аз бойгонӣ
Полис дар Туркия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Таркиш дар назди таваққуфгоҳи мошинҳои назди бинои Савдо ва саноат ба амал омадааст. То ҳол дар бораи ҷароҳатбардоштагон маълумоте нарасидааст

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар шаҳри Анталияи Туркия  дар наздикии бинои Савдо инфиҷори шадид ба амал омад,  хабар медиҳад ширкати телевизионии НТВ.

Қайд карда мешавад, ки таркиш дар назди таваққуфгоҳи мошинҳои бино ба амал омадааст. Сабаби таркиш то ҳол маълум карда нашудааст.

Ба ҷойи ҳодиса кормандони полис ва тиб расиданд. Ба иттилои телевизион яке аз мошинҳо дар натиҷаи таркиш пурра хароб гардида, чанд мошини дигар зарари ҷиддӣ бардоштанд. Мувофиқи маълумоти ширкат бояд рӯзи сешанбе дар бинои мазкур бо иштироки раиси шаҳр чорабинӣ ба амал меомад.

Дар натиҷа таркиш як чанд нафар ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.

"Ҳоло барои гуфтани он, ки ин ҳодисаи аз тарафи террористон сохта шудааст ё не, барвақт аст.  Шояд инфиҷор дар натиҷаи садама ба амал омада бошад.  Таркиш  дар ҳоле ба амал омад, ки дар таваққуфгоҳ ягон нафар набуд. Дар нитиҷаи паридани шишамайдаҳо 10-12 нафар осеб бардоштаанд, ки ба ҳаёти онҳо хатар надорад ",- менависад РИА Новости бо истинод ба CNN Turk.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала