Раҳмон хостори сармоягузории бештари Кувайт дар Тоҷикистон шуд

Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мушовири Девони амири Кувайт, раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқро ба ҳузур пазируфт.

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо мушовири Девони амири Кувайт, раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, намояндаи Дабири Кулли СММ оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал — Маътуқ мулоқот кард, хабар дод хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии хайрияи исломии Кувайтро амри зарурӣ хонд.

"Ҷалби сармояи ҷониби Кувайт баҳри татбиқи барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетикаи миёна ва хурд, саноати ранга, сабук ва хурокворӣ, сохтмон, кишоварзӣ, коммуникатсия фоидаовар мебошанд",-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки имкон аст тавассути ҷалби сармояи кувайтӣ тарҳу лоиҳаҳои судовар дар соҳаи иктишофу истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли оби баландсифату хуштаъми Тоҷикистон низ амалӣ карда шаванд.

Шаҳри Ал-Қувайт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба Кувайт об, мева ва сабзавот интиқол медиҳад

Бино ба иттилои манбаъ ҷонибҳо ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва сайёҳӣ, аз ҷумла иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди мактабу муассисаҳои тандурустӣ ва инфрасохтори зарурии сайёҳӣ дар минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон гуфтугӯи судманд доир карданд.

Дар мулоқот вобаста ба бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон ва коҳиш додани таъсири буҳронҳои молиявию иқтисодӣ андешаронӣ сурат гирифт.

Дар охир ҷонибҳо омодагию ҳавасмандии хешро барои дар оянда ба сатҳу сифати беҳтару хубтар расонидани ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳим таъкид намуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала