Тарроҳи тоҷик маҳсули дасти худро дар Италия ба намоиш мегузорад

Обуна шудан
Баҳори соли 2017 Умед Кучкалиев ба тамошобинони Италия либоси тоҷикона ва ороишоти миллиро дар сабки муосир пешкаш менамояд

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Тарроҳи маъруфи тоҷик Умед Кучкалиев аз ҷониби доварони ҳафтаи муди Odessa Fashion Week SS 2017 барои баромад дар Италия интихоб гардид, хабар медиҳад торномаи ташкилкунандагони озмун.

Кучкалиев дар ҳафтаи тарроҳони байналмиллалӣ, ки аз 1 то 7-уми октябр дар Украина баргузор гардид, тарроҳи беҳтарин дониста шуд. Дар умум дар озмун либосҳои 83 тарроҳ ба намоиш гузошта шуда буд. 35-нафар аз тарроҳон бори аввал коллексияҳои худро ба пешкаши тамошобинон гардониданд.

Тарроҳи тоҷик дар озмуни байналмиллалӣ коллексияи худро таҳти унвони "Дилрабоӣ" ба намоиш гузошт. Ба тамошобинон 20-намуди либосҳо пешкаш карда шуд. Либосҳо асосан аз навъи матои шифон омода шуда буданд. Куртаҳо бо гулдӯзии миллӣ оро дода шудаанд. Истифодаи гулдӯзӣ дар либосҳои аврупоӣ ба куртаҳо зебогии нав зам мекунад. Баъди намоиш чор либоси омоданамудаи Кучкалиев харидори худро пайдо карданд.

Дар доираи чорабинӣ аз ҷониби доварон барои иштирок дар намоиши Roma Fashion Week дар Италия ду интихоб карда шуд, ки яке аз онҳо коллексияи Умед Кучкалиев мебошад.  Ҳафтаи мода дар пойтахти Италия аз 3 то 7-уми апрели соли 2017 баргузор мегардад.

Умед Кучкалиев либосҳои аврупоиро бо гулдузии миллӣ пешкаши тамошобинони Италия мегардонад. Дар назар аст, ки либосҳои ӯ таҳти мусиқии тоҷикона ба саҳна бароварда шаванд.

Қаблан коллексияҳои Умед дар шаҳрҳои бузурги ҷаҳон-чун Париж ва Брюссел намоши дода шуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0