Ғолибияти секарата: футболбозони тоҷик қирғизонро мағлуб карданд

Обуна шудан
Дар ду давра варзишгарони тоҷик бо ҳисоби якхела бозиро ба итмом расонидан - 6:3. Дар бозии охирон, ҳарчанд ҳарду ҷониб фаъол бошанд ҳам, мунтахаби Тоҷикистон тавонист як холи зиёдатӣ ба даст орад- 6:5

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik.Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи хешро байни Қирғизистон ва Тоҷикистон бо муваффиқият ба охир расониданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти  Федератсияи футболи Тоҷикистон.

"Давраи ниҳоии бозии дӯстона байни ҷавонони мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон санаи 26-уми октябр ба итмом расид ва ҷониби Тоҷикистон бо ҳисоби 6:5 ғолиб омаданд",- менависад манбаъ.

Бозӣ аз се давра иборат буд, ки дар ду давраи аввал низ мунтахаби Тоҷикистон ғолиб омаданд- 6:3.

Бозии гузашта, футболбозонро  ба  чемптонати ҷавонони Осиё — 2017 омода мекунад.

Лентаи хабарҳо
0