Дар Русия ба оилаҳои серфарзанд кумакпӯлӣ медиҳанд

Зимни пардохт намудни кумакпӯлиҳои иҷтимоӣ бояд зарурат ва оилаҳои серфарзанд дар мадди аввал қарор гиранд, қайд кард муовини вазири вазорати молияи ФР Татяна Нестеренко

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Вазорати молияи Федератсияи Русия пешниҳод кард, то ба оилаҳои камбизоат кумакпӯлӣ дода шавад, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба "Российскую газету".

Ба гуфти муовини вазири вазорати молия, Татяна Нестеренко дар ҳоли ҳозир беш аз пеш оилаҳое, ки дорои фарзандони то 16 сола ҳастанд, ниёз ба кумакпӯлӣ доранд.

Ва махсусан оилаҳое, ки соҳиби ду ва зиёда фарзанд буда, танҳо яке аз волидон кор мекунад, бояд кумакпӯлӣ гирад, илова кард ӯ.

Президенти Русия Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Натоиҷи “муколамаҳои мустақим” бо Владимир Путин

"Имрӯз вақти он расидааст, ки пардохти кумакпӯлӣ ба оилаҳои камбизоат муҳокима карда шавад, ва барномаи тарзи нави пардохти кумакпӯлӣ роҳандозӣ гардад",-изҳор дошт Нестеренко.

Дар баробари ин сиёсатмадор қайд менамояд, ки қабл аз гузаштан ба тарзи нави пардохти кумакпӯлӣ бояд мафҳуми "зарурат" пурра маълум карда шавад.

Пешниҳоди вазорати  молия дар лоиҳаи буҷа барои  солҳои 2017-2019 инъикос нагардидааст, илова кард Нестеренко.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала