Моҳпайкар Ёрова дар Алмаато соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” гардид

Намоишномаи “Шабе дур аз Ватан”-и Нозим Меликов, коргардони шинохтаи тоҷик ҷоизаи "Беҳтарин дуэт"-и шашумин ҷашнвораи байналмилалии “Қазоқистон-дили АвруОсиё”-ро соҳиб шуд.

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Намоишномаи театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов дар ҷашнвораи байналмилалии "Қазоқистон-дили АвруОсиё" соҳиби ҷоиза шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги ҶТ.

"Суҳроб Ҷанҷолов, ҳунарманди театри ҷавонони шаҳри Душанбе мегӯяд, Абдумумин Шарифӣ ҷоизаи "Беҳтарин нақши мардона" ва Моҳпайкар Ёрова ҷоизаи "Беҳтарин нақши занона"-и ин ҷашнвораро ба худ ихтисос доданд"-омадааст дар иттилоия.

Ҷашнвораи байналмилалӣ "Қазоқистон-дили АвруОсиё"  24 октябр ба кор оғоз кард.

Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Шабе дур аз Ватан” дар Алмаато намоиш дода мешавад

"Шабе дур аз Ватан" аз сӯи Нозим Меликов, ҳунарманд ва коргардони театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бар ашъори шоир Бозор Собир ба саҳна гузошта шудааст. Ба ин намоишнома худи Бозор Собир ҳам баҳои баланд додааст. Дар ин намоишнома Абдумумин Шарифӣ нақши асосӣ — муҳоҷир ва Моҳпайкар нақши рӯъёро мебозанд.

"Шабе дур аз Ватан" аз ин пеш дар чанд ҷашнвораи байналмилалии театрӣ, бо шумули Русия, Молдов, Қазоқистон ва Қирғизистон намоиш дода ва бо диплому ифтихорномаҳо қадр гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала