Дар Тоҷикистон маҳдудияти қувваи барқ ҷорӣ шуд

“Барқи тоҷик” аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки дар давраи маҳдудияти барқ аз қувваи барқ сарфакорона истифода баранд ва ҳаққи онро сари вақт пардохт намоянд

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Шурӯъ аз имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити қувваи барқ ҷорӣ карда мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти "Барқи тоҷик".

"Алҳол, бо сабаби сард шудани ҳаво дар сарчашмаҳо ва шохобҳои он, маҷрои оби Вахш кам шуда, ворид гаштани об ба обанбор коҳиш ёфтааст. Вақти он фаро расид, ки барои истеҳсоли энергияи барқ аз обанбори Норак — захираи асосии обӣ-энергетикии кишвар истифода бурда шавад. Вобаста аз ин, аз 1 ноябри соли 2016 дар кишвар интиқоли барқ маҳдуд шуд",-омадааст дар иттилоия.

"Барқи Тоҷик" сарфакорона истифодаи кардани қувваи барқ ва пардохти саривақтии музди онро омили асосии таъмин шудан  бо қувваи барқ гуфтааст.

"Барқи тоҷик" аз тамоми муштариён хоҳиш менамояд, ки дар давраи маҳдудият ҳар қадар имкон аст, аз барқ сарфакорона истифода баранд ва ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт ва пурра пардохт намоянд. Ин ду омил бешубҳа боиси беҳтар бо барқ таъмин намудани тамоми муштариён мегардад".

Бинои ширкати Барқи тоҷик дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Барқи тоҷик”: 50%-и шаҳри Душанбе бо қувваи барқ таъмин шуд

Ҷадвали ҳармоҳаи таъминот бо энергияи барқ бо пешниҳоди ШСХК "Барқи Тоҷик" аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад ва дар он тавзеҳ дода шудааст, ки таъминоти пурраи барқ дар доираи ин ҷадвал дар сурати пурра пардохт шудани ҳаққи барқи истифодашуда амалӣ мегардад.

Вобаста ба ин, ширкати "Барқи Тоҷик" ба пурра риоя намудани интиқоли барқ аз рӯи меъёри муқарраршуда ҳангоме кафолат медиҳад, ки ҳаққи барқ пурра пардохт шуда бошад. Он муштариёне, ки аз ҳаққи истифодаи барқ қарздор нестанд, меъёри барқи муайяншударо пурра мегиранд.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳо ва шаҳрҳои калони саноатӣ таъминот бо барқ маҳдуд намегардад.

© SputnikЛимити барқ\: омори моҳи декабр
Лимити барқ: омори моҳи декабр - Sputnik Тоҷикистон
Лимити барқ\: омори моҳи декабр
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала