“Модар маро бубахш”-и театри ҷавонон дар Рашт намоиш дода мешавад

Намоиши “Модар, маро бубахш” ба қалами Султоншо Муқаддамов тааллуқ дошта, онро ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров рӯи саҳна овардааст

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Сафари ҳунарӣ то таҷлили Рӯзи театри тоҷик, яъне 7 ноябр идома мекунад. Ҳайати театр барои тамошобинон намоиши "Модар, маро бубахш"-ро манзур мекунанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги ҶТ.

Аҳли ҳунари театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов алҳол дар сафари ҳунарӣ дар минтақаи водии Рашт дар навоҳии Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод қарор доранд.

Моҳпайкар Ёрова. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Моҳпайкар Ёрова: ҳунари ман даҳ сол зери парда нуҳуфта буд

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки  театри номбурда бо ҳамин намоиш чанде пеш аз сафари ҳунарӣ аз вилояти Суғд баргашт. Саҳнаи тарбиявии "Модар, маро бубахш" аз ҷониби тамошобинони шимолӣ хеле хуб пазируфта шуд.

Намоиши "Модар, маро бубахш" ба қалами Султоншо Муқаддамов тааллуқ дошта, онро ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров рӯи саҳна овардааст.

Намоиш дар бораи зиндагии хонандаи аълохони синфи 11, ки писари муаллимаи мактаб аст, нақл мекунад. Писар бо ҷавонони кӯчагарди нашъаманд ошноӣ пайдо мекунад ва онҳо ҷавони аълохонро ба нашъамандӣ гирифтор месозанд.

Аз ин ҳодиса муаллима огоҳӣ ёфта, пеши роҳи нашъамандии писарашро мегирад. Намоиш дорои аҳамияти бузурги тарбиявӣ буда, ҷавонон ва волидонро аз оқибати бади нашъмандӣ ва роҳҳои пешгирии он ҳушдор месозад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала