Аксари шаҳрвандони ИМА бо низоми интихоботи президентӣ розӣ нестанд

© AP / Matt RourkeНатиҷаҳои интихобот дар ИМА. Акс аз бойгонӣ
Натиҷаҳои интихобот дар ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Наздики 60%-и амрикоиҳо (синну соли 18-64) бар онанд, ки барои интихоби президенти кишвар бояд низоми “як нафар-як овоз” ҷорӣ шавад

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Мувофиқи назарсанҷии Sputnik.Мнения аксари шаҳрвандони Амрико (60%) мехоҳанд, низоми интихоботро дар ИМА тағйир диҳанд. Дар баробари ин қариб нисфи (45%) амрикоиҳо бар онанд, ки интихобот бояд бо низоми "як нафар-як овоз" гузаронида шавад.

Назарсанҷӣ аз ҷониби ширкати тадқиқотии TNS UK бо дархости хабаргузорӣ ва радиои Sputnik гузаронида шудааст.

Интихоботи президентӣ ждар ИМА. Клинтон ва Трамп. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ғолибияти Трамп сокинони Алеппоро хурсанд кард

Ба саволи "оё шумо бо низоми мавҷудбудаи овоздиҳӣ дар ИМА розӣ ҳастед", 15%-и амрикоиҳо ҷавоб доданд, ки мехоҳанд  ба дигар алгоратми овоздиҳӣ, яъне "як нафар-як овоз" гузаранд. Танҳо 22%-и аҳолӣ бар онанд, ки низоми овоздиҳии ҷорӣ бояд боқӣ монад. 16%-и шаҳрвандон ба савол посух надодаанд ва 2 фисади аҳолӣ дигар ҷавобҳоро пешниҳод кардаанд.

Перзиденти ИМА аз ҷониби Коллегия, ки аз 538 интихобчӣ иборат аст, интихоб карда мешавад. Шумораи интихобкунандагон, ки намояндагони ҳар иёлот мебошанд ба шумораи умумии вакилони Конгресси ИМА, ки аз ҷониби ҳар як иёлот интихоб мешаванд, баробар аст. Ҳамчунин ба ин шумора се интихобчӣ аз округи Колумбия дохил мешавад. Барои ғолиб омадан, номзад  бояд 270 овозро ба даст орад.

Назарсанҷӣ аз ҷониби ширкати тадқиқотии TNS UK бо дархости хабаргузорӣ ва радиои Sputnik аз 3 то 7-уми ноябри соли 2016 дар ИМА гузаронида шуд. Дар назарсанҷӣ 1012 ҷавобгӯяндаи синну солашон 18-64, иштирок карданд.

Маълумот дар бораи лоиҳаи "Sputnik.Мнения"

Мендкович, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мендкович: ғолибияти Трамп барои Тоҷикистон ва Узбакистон манфиатовар аст

Лоиҳаи байналмиллалӣ оиди тадқиқот ва омӯзиши афкори омма моҳи январи соли 2015 шурӯъ шуд. Шарикони ин лоиҳа ширкатҳои тадқиқотии бонуфузи Populus ва Ifop мебошанд. Дар доираи лоиҳаи Sputnik.Мнение. мунтазам пурсишномаҳо бо мақсади омӯзиши афкори омма оид ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар мамлакатҳои Аврупо ва ИМА гузаронида мешавад.

Sputnik (sputniknews.com) хабаргузорӣ ва радио аст, ки бо бахшҳои чандрасонаӣ ва иттилоотӣ дар даҳҳо кишвар фаъол мебошад. Ба "Sputnik" сайтҳо, пахши рақамӣ ва анъанавии радио, нармафзорҳои мобилӣ ва сафҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таалуқ доранд. Барои обуначиён хабарҳои Sputnik ба таври шабонарӯзӣ бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва испониву чинӣ ба нашр мерасанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала