Супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон оиди таҳияи лоиҳаи бунёди иншооти варзишӣ

Обуна шудан
Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин боздид кард

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 10-уми ноябр аз Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ боздид карда бо шароиту имкониятҳои бино шинос шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Маҷмааи варзишӣ аз толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишии баскетбол, гуштин, волейбол, футболи хурд, ҷойи либосовезӣ, утоқҳои корӣ, ҳаммом ва системаи гармидиҳӣ иборат буда, баъди аз таъмири асосӣ баровардан имкон фароҳам омад, ки дар он мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида шаванд.

"Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба таҳияи лоиҳаи муосири бунёди иншооти варзишӣ дар заминаи Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин ва ба як маҷмааи бузурги варзишӣ табдил додани он ба масъулини соҳаи варзиши кишвар супоришҳои мушаххас дод",-омадааст дар иттилоия.

Рустами Эмомалӣ зини ифтитоҳи майдонҳои футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Майдонҳои нави сунъӣ ҳавасмандии духтаронро ба футбол дучанд мекунад

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароиту имкониятҳои толори барҳавои маҷмааи варзишӣ шинос шуда, ба масъулини соҳаи варзиш барои рушди ин бахш, ҷалби ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дастуру ҳидоятҳои судманд дод.

Бинои Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии  маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин аз тарафи Корхонаи давлатии сохтмону васлкунии рақами 2 — и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст давоми қариб як сол бо сарфи беш аз 3 миллион сомонӣ аз таъмир бароварда шуд.

Лентаи хабарҳо
0