Шаҳрванди Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дастгир шуд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкДар додгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Дар додгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи ҷӯстуҷӯ, рӯзи сешанбе аз манзили зисти боздоштшудагон таҷҳизоти электронӣ бо маълумотҳои шубҳанок ва нашриёт, ки дар рӯйхати федералии маводҳои манъшуда дохиланд мусодира карда шуд

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Петебург бо иттиҳоми шомили гурӯҳи ҷиноии "Ҳиб-ут-таҳрир" будан, дастгир гардид.

Панҷ нафари дастгиршудагон-шаҳрвандони ФР мебошанд, хабар медиҳад РИА Новости  бо такя ба манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Додгоҳи ноҳияи Кирови Петербург рӯзи чоршанбе оиди боздошти шаш нафар аъзоёни гурӯҳи "Ҳизб ут-Таҳрир", ки дар аксари мамолики ҷаҳон аз ҷумла дар Русия фаъолияти он мамнӯъ карда шудааст, қарор қабул кард.

Шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми тафтишоти МХФ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Маскав зиёда аз 200 муҳоҷир боздошт гардид

Бино ба маълумоти манбаъ гурӯҳи ҷиноӣ шурӯъ аз соли 2013 инҷониб дар ҳудуди шаҳри Петербург ва вилоятҳои назди он фаъолият кардааст. Манбаъ хабар медиҳад, ки дар пайи корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ шаш нафар аъзоёни гурӯҳ дастгир шуданд.

"Дар байни боздоштшудагон панҷ нафар шаҳрвандони Русия: се нафар зодагони Доғистон ва ду нафар сокинони шаҳри Петербург мебошанд. Нафари шашум шаҳрванди Тоҷикистон аст",-гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти манбаъ дар пайи ҷӯстуҷӯ аз манзили зисти боздоштшудагон рӯзи сешанбе таҷҳизоти электронӣ бо маълумотҳои шубҳанок ва нашриёт, ки дар рӯйхати федералии маводҳои манъшуда дохиланд мусодира карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0