Истеъмоли бургер наздики 30 нафарро дар беморхона бистарӣ кард

© AP / Matthew MeadБургер, Акс аз бойгонӣ
Бургер, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
То имрӯз дар пайи заҳролудшавӣ 27 нафар бистарӣ шуданд. Духтурон маълум карданд, ки ин- бемории салмонеллез аст. Ҳолати ҳамаи беморон вазнини миёна мебошад, хабар дод директори беморхонаи сироятии вилоят

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Наздики 30 нафар баъди истеъмоли хӯрок дар бургер-кафеи шаҳри Уралски Ҷумҳурии Қазоқистон дар бемористон бистарӣ шуданд, иттилоъ медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Чуноне директори бемористони сироятии вилоят Надия Ахметова, 9 ноябр хабар медиҳад, беморон бо шикояти дарди шикам ба беморхона муроҷиат кардаанд.

Синфхона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВТ: дар навоҳии Ваҳдат ва Шамсиддин Шоҳин 62 хонанда заҳролуд шудаанд

"То имрӯз дар бемористон 27 нафар бистарӣ карда шуданд, аввал нишонаҳои дарди руда буд, вале ташхис муайян кард, ки ин-салмонеллез будааст. Вазъияти ҳамаи беморон вазнини миёна аст, камаш онҳо ҳафт рӯз дар бемористон мемонанд",-гуфт Ахметова.

Маълум гардид, ки ҳамаи беморон баъди истеъмоли бургер, рӯзи 8-уми ноябр дар бургер-кафеи воқеъ дар маркази савдои Уралск дар бемористон бистарӣ шудаанд. Дар ҳоли ҳозир фаъолияти кафе қат карда шудааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони идора оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тафтишот бурда истодаанд.

Салмонеллез- сирояти шадиди меъда дар пайи дохил шудани бактерияҳои Salmonella мебошад.  Роҳи асосии заҳролудшавӣ-истеъмоли хӯроки ба таври нодуруст омодашуда аст. Беморӣ хатарнок буда дар баъзе ҳолатҳо ҳатто метавонад шахсро ба ҳалокат дучор намояд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала