Садамаи нақлиётӣ дар Конибодом боиси марги марди 31-сола шуд

© Sputnik / Александр Нестеров / Гузариш ба медиабонкСадамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи садамаи нақлиётӣ дар Конибодом марди 31-сола ба ҳалокат расид. Ронанда аз ҷои ҳодиса ғайб зад

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Сокини 31-солаи Конибодом дар пайи садамаи нақлиётӣӣ вафот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ.

Рӯзи 8-уми ноябри соли равон тахминан соати 21:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", марди 29-солаи сокини шаҳри Конибодом ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ленини шаҳри мазкур, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, марди 31-соларо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Лентаи хабарҳо
0