Мигранян: терроризм натанҳо ба Осиёи Марказӣ, балки ба Аврупо низ таҳдид мекунад

Андраник Мигранян раиси Шӯрои илмии Донишгоҳи ИДМ бар он аст, ки агар вазъияти Сурия ба пуррагӣ ором шавад, пас гурӯҳҳои ҷиноӣ амали худро дар дигар кишварҳо идома медиҳанд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Имрӯзҳо таҳдиди паҳншавии терроризм  натанҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки дар мамолики Аврупо, ки он ҷо  низ мусулмонон ба сар мебаранд, бузург аст.

Дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон Мигранян қайд кард, ки дар ҳар кишвар гурӯҳҳои гуногуни одамон ба  дастаҳои ҷиноӣ чун Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳамфикр ҳастанд.

Ба гуфти ӯ ташкилотҳои террористӣ аз решаи худ сабз мешаванд,  дар аксари кишварҳо барои рушди он замина фароҳам аст. Ва дар аксар маврид паҳншавии терроризм ба дохил шудани ҷангиёни Давлати Исломӣ ба ин ё он кишвари дунё вобастагӣ надорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала