Дар Тюмен айбдоршавандаи сӯхтор, ки боиси марги муҳоҷирон гашт, дастгир шуд

Дар Тюмен айбдоршвандаи сӯхтор дар фабрикаи паррандапарварӣ, ки боиси марги 7 нафар муҳоҷири тоҷик гардидааст, дастгир шуд. Ҳоло масъалаи ҳабси пешакӣ нисбати ин ҷинояткор баррасӣ мегардад

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik.Мақомотҳои тафтишотии КТ ФР дар вилояти Тюмен сардори бахши ширкати ҶДММ "Горизонт"-ро дар сар задани сӯхтор, ки боиси марги 7 нафар муҳоҷир гардида, се нафари дигар бистарӣ шудаанд, гункаҳкор медонад.

Номбурда дар содир намудани ҷиноят тибқи моддаи 219 қисми 3 КҶ ФР (вайрон намудани қоидаҳои бехатарии сӯхтор аз тарафи шахсе, ки дар риоя намудани он ӯҳдадор аст ва ҳодиса боиси марги ду ва ё аз он зиёда шахс гардидааст) гунаҳкор дониста мешавад,- хабар медиҳад раёсати мақомоти тафтишотӣ.

Кормандони хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати меҳнат: сабаби сӯхтор ва марги шаҳрвандони Тоҷкистон тафтиш мешавад

"Мувофиқи маълумоти тафтишот айбдоршаванда вазифаи роҳбарии ҶДММ "Горизонт"-ро ба ӯҳда дошт ва аз ҳамин сабаб дар пешгирӣ намудани сӯхтор масъул ба ҳисоб мерафт. Аммо муносибати беаҳмиятии вай нисбати ӯҳдадориҳои худ, боис гарди, ки дар вагон асбобҳои барқии нодуруст истифода шаванд, ки дар пайи он сӯхтор сар зад",- омадааст дар хабар.

Ҳоло айбдоршаванда дастгир гардида, масъалаи ҳабси пешакии ӯ баррасӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала