Рӯзноманигорони ОМ аз навгониҳои соҳаи журналистика огоҳ мешаванд

© © Sputnik / Михаил КорытовЖурналистон. Акс аз бойгонӣ
Журналистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ба Форуми байналмиллалӣ кормандони ҷавон ва роҳбарони ВАО-и Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Русия даъват шудаанд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Форуми Осиёи Марказии "Журналистикаи созанда дар тамоюли ҷаҳонӣ ва минтақавӣ", санаи 28-29-уми ноябр баргузор мешавад, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Форум аз ҷониби маркази сиёсии "Север-Юг"-и Русия бо дастгирии Бунёди байнидавлатии башардӯстонаи ИДМ ва Ташкилоти ҷамъиятии "Российский союз молодежи" баргузор мегардад.

"Мақсад аз баргузории форум-ташаккули робитаҳои доимии касбӣ байни намояндагони ВАО-и Осиёи Марказӣ ва Русия ҷиҳати рушди фазои ягонаи гуманитарӣ ва таҳкими муколамаи байнифарҳангӣ мебошад",-омадааст дар иттилоия.

Ба Форуми байналмиллалӣ кормандони ҷавон ва роҳбарони ВАО-и Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Русия даъват шудаанд.

Шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Журналистони қирғиз сокинони Душанберо самимӣ ва меҳмоннавоз хонданд

Барномаи форум аз дарсҳо, мизи мудаввар, тренинг ва мастер классҳо, ки ба масъалаҳои омода намудани маводи мултимедиавӣ бахшида шудаанд, иборат аст.

Дар форум журналистони шинохта, фаъолони ҷамъиятӣ, сиёсатмадорон ва коршиносони соҳаи ҷамъиятшиносӣ, пешкорони афкори оммаи Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сифати баромадкунандагон иштирок менамоянд.

Ҳамчунин дар доираи форум баргузории мизи мудаввар дар мавзӯъи "Ташаккули симои мусбии лоиҳаи ҳамгироии АвруОсиё-нерӯи лоиҳаҳои байнидавлатӣ" дар назар аст. Дар баробари ин лоиҳаҳои минтақавӣ пешниҳод хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала