Сирри давлатии Русия дар озмоишгоҳи махсус нигоҳ дошта мешавад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксТаҷҳизоти муосири рентгенкунӣ дар намоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Таҷҳизоти муосири рентгенкунӣ дар намоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Озмоишгоҳ бо таҷҳизоти муосири идоракунӣ ва назоратӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Таҷҳизот зангҳои шубҳанок ва таҳдидҳои иттилоотиро бо ёрии амлаиёти махсус муайян менамояд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Ширкати умумирусиягӣ озмоишгоҳи мухсусро барои омода намудани таҷҳизоти вижа, ки барои  нигоҳдории сирри давлатӣ  пешбинӣ шудааст, такшил кард.

Озмоишгоҳ дар заминаи  Донишкадаи тадқиқотии алоқа ва идора таъсис дода шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.

"Ширкати таҷҳизотсозӣ барои мақомотҳои давлатӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ озмоишгоҳи махсусро ҷиҳати муайян кардани таҳдидҳои иттилоотӣ омода намудааст. Таҷҳизот метавонад зангҳои шубҳанокро бо ёрии амалиёти махсус муайян намояд",-омадааст дар иттилоия.

Қайд мегардад, ки озмоишгоҳ барои омода намудани таҷҳизот ҷиҳати кор бо маълумот, пешбинӣ шудааст.

Акси мағзи сар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Олимон дастгоҳеро сохтанд, ки фикри инсонро ба сухан табдил медиҳад

"Дар ҳоли ҳозир озмоишгоҳ ба кори худ шурӯъ карда, якчанд лоиҳаро бар дӯш дорад. Яке аз чунин лоиҳаҳо дар доираи фармоиши давлатӣ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Русия пешниҳод  шудааст",-қайд шуд дар озмоишгоҳ.

Озмоишгоҳ бо таҷҳизоти муосири идоракунӣ ва назоратӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Таҷҳизот имконият медиҳад, ки бо ёрии рентген ҳар як қисми таҷҳизот барои муайян кардани афканишоти радиасионӣ истифода шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала