Алимов дар бораи воридшавии Туркия ба СҲШ: мо барои густариш шитоб надорем

© Фотохост-агентство / Гузаштан ба хазинаи аксРашид Алимов, Акс аз бойгонӣ
Рашид Алимов, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мақсади зудтар густариш ёфтанро надорад, изҳор дошт котиби генералии иттиҳод Рашид Алимов

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Котиби генералии СШҲ Рашид Алимов имконияти воридшавии Туркияро ба созмон шарҳ дод.

Зимни ҷавоб гуфтан ба саволи рӯзноманигорон дар робита ба имкониятҳои воридшавии Туркия ба аъзогии СҲШ Алимов қайд кард, ки "Туркия шарики муколамавии созмон аст". "Мо барои густариш шитоб надорем. Мувофиқи ёддошт дар ҳоли ҳозир раванди воридшавии Ҳиндустон ва Покистон идома дорад".

Аввал ин коррро ба анҷом расонида, пасон мебинем. Мо роҳи худро оромона идома медиҳем. Созмони ҳамкориҳои Шанхай барномаи махсуси худро дорад ва мо аз рӯи он кор мекунем",-изҳор дошт Алимов.

Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қабули Афғонистон ба узвияти СҲШ муҳокима мегардад

Қаблан президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфта буд, ки Иттиҳоди Аврупо роҳи ягона набуда, Анқара масъалаи ворид шудан ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро бо роҳбарои Русия ва Қазоқистон баррасӣ мекунад.

Ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки соли 2001-ум таъсис ёфт-Русия, Чин, Казоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон дохил мешаванд. Соли 2015 ба СҲШ раванди воридшавии Ҳиндустон ва Покистон шурӯъ шуд. Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка шарикони лоиҳа ба ҳисоб мераванд.

Алимов ҳамчунин қайд кард, ки "таваҷҷӯҳ ба созмон меафзояд". "Хоҳишмандон зиёданд. Дар ҳоли ҳозир мо аз Исроил, Миср, Сурия, Украина ва ғайраҳо аризаи воридшавӣ гирифтаем".

Алимов дар вохӯрии намояндагони СҲШ ва СММ, ки дар шаҳри Ню-Йорки Амрико баргузор гардид, иштирок карда, масъалаҳои мубориза бар зидди таҳдидҳои муосирро баррасӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала