Сармоягузорони Осиёи Марказӣ ба буҷаи Дубай $4 миллиард ворид карданд

Дар давоми се сол аз кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёда аз 6 ҳазор нафар хона харидаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти департаменти замини Дубай

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Сармоягузорони хусусӣ аз Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбакистон, Туркманистон, Белорус, Қирғизистон ва дигар кишварҳои ИДМ дар давоми се сол ба буҷаи Дубай 3,8 миллиард доллар фоида овардаанд.

Дар умум дар давоми се сол 6 ҳазор нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Дубай сармоягузорӣ кардаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба хадамоти департаменти замини Дубай.

Евро. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бо 250 ҳазор еврои Кокорин ва Мамаев дар ҶТ ва ФР чи харидан мумкин

Ба гуфти намояндаи бахши сармоягузории департаменти замини Дубай Маҷид Ал Рашид, "дар ҳоли ҳозир таваҷҷӯҳи сармоягузорон аз кишварҳои русзабон зиёд шуда истодааст". Дар робита бо ин дар нақша аст, ки барои муошират бо муштариёни русзабон хизматрасонии махсус ба роҳ монда шавад.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ташкилоти байнидавлатӣ буда, ба он бештари кишварҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ дохиланд. Ташкилот 8-уми декабри соли 1991 аз ҷониби роҳбарони Белорус, Русия ва Украина таъсис дода шуд. Дар ҳоли ҳозир  Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина шомили ИДМ мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала