Зодагони Тоҷикистон ва Узбакистон дар Туркия ба маҳкама кашида шуданд

© AP / Emrah GurelПулиси Туркия. Акс аз бойгонӣ
Пулиси Туркия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Хабар дода мешавад, ки як шаҳрванди Тоҷикистон ва зодаи Узбакистон дастгир гардиданд. Онҳо дар рӯйхати ҷангиёни худкуш қарор дошта, мехостанд, тариқи Туркия ба хоки Сурия ворид шаванд

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар Истамбул ду ҷангӣ, ки ба гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ"  (мамнӯъ дар Тоҷикистон) тааллуқ доштанд, дастгир гардиданд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба рӯзномаи Yeni Safak.

Дастгиршудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон мебошанд.

Хабар дода мешавад, ки онҳо дар рӯйхати ҷангиёни худкуш қарор дошта, мехостанд, тариқи Туркия ба Сурия ворид шаванд.

Гунаҳкорон аз ҷониби додгоҳ ба ҳабс кашида шуданд. Ҳамроҳи онҳо боз як шаҳрванди Узбакистон ва як зодаи Озарбойҷон боздошт гардиданд. Онҳоро аз Туркия депорт мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала