Рекорди нави ҷаҳонии рақс дар рӯи ях

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкОлимпиадаи соли 2014. Рақс дар рӯи ях. Акс аз бойгонӣ
Олимпиадаи соли 2014. Рақс дар рӯи ях. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи якшанбе барои иҷрои рақси озод Вирчу ва Мойр 116,37 холро соҳиб шуда, тибқи ҷамъбасти ду барнома бо гирифтани 195,84 хол рекорди нави ҷаҳониро гузоштанд

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Раққосони канадагӣ Тесса Вирчу ва Скотт Мойр бо гирифтани холҳои ҷамъбастии ду даври озмун оид ба рақс дар рӯи ях дар, ки дар Ҷопон баргузор шуд, рекорди нави ҷаҳониро гузоштанд.

Онҳо аз раққосони амрикоӣ, ки то ин дам рекорди ҷаҳониро гузошта буданд, пеш гузаштанд. Рӯзи якшанбе барои  иҷрои рақси озод Вирчу ва Мойр 116,37 холро соҳиб шуда, ба гирифтани Гран при-2016 ноил гардиданд.

Мақоми дуюм насиби раққосони фаронсавӣ Габриэлла Пападакис ва Гийом Сизерон бо гирифтани 186,66 бал гардид. Ҷойи сеюмро раққосони рус Виктория Синицина ва Никита Кацалапов (169,62 хол) ба даст оварданд.

Онҳо рекорди қаблии ҷаҳониро, ки аз ҷониби раққосони амрикоӣ Мэрил Дэвис  ва Чарли Уайта, ки бо гирифтнаи (195,52) бал  гузошта буданд, бо ба даст овардани 195,84 хол пеш гузаштанд.

Лентаи хабарҳо
0