Ҷалби бештари сармоягузорӣ: барои чӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Будапешт рафт

© Flickr \ пресс-служба президента РТ / Гузариш ба медиабонкЭмомали Раҳмон зимни баромад дар саммити об адр Будапешт. Акс аз бойгонӣ
Эмомали Раҳмон зимни баромад дар саммити об адр Будапешт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саммити оби Будапешт майдони хуби ҷалби бештари маблағгузорӣ ба сохмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва дигар нерӯгоҳҳои кишвар буда, барои ба роҳ мондани лоиҳаҳои тозакунии обанборҳои Тоҷикистон майдони қулай хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити об ба Венгрия сафар кард.

Раиси ҷумҳурро дар рафти ҷаласа роҳбарони воломақоми кишвар ҳамроҳӣ мекунанд. Масъалаи № 1 барои ҷониби Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи Роғун хоҳад буд.

Валентин Новоженин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Новоженин: сохтмони Роғунро коршиносони БҶ имконпазир гуфтанд

Ба фикри коршиноси Донишкадаи тадқиқотии Русия оид ба кишварҳои ИДМ Аджар Куртов, агар сухан дар бораи ҷалби бештари маблағгузорӣ барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун равад,  ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҷода мувафффақ нахоҳад шуд. Вале баррасии масъалаи  сохтмони нерӯгоҳҳои хурд дар ҳудуди Тоҷикистон барои муҳокима дар ҷаласа ва ояндаи Тоҷикистон фоидаи бештар хоҳад дошт.

"Вазъияти ҷалби таваҷҷӯҳи сармоягузорон барои сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги Осиёи Марказӣ дар аксари ҳолат ғамангез аст. Ҳамаи гузоришҳое, ки аз ҷониби СММ ва ташкилоти Greenpeace пешниҳод мешавад, нишон медиҳанд, ки тағйирёбии табиат ба камшавии пиряхҳо ва коҳиши ҷараёни оби кӯҳҳои Осиёи Марказӣ оварда мерасонад. Ин омил бошад, ба паст шудани ҳаҷми коркарди энергия таъсири амиқ мерасонад. Як омили дигар-хатари баланди сейсмологии минтақа мебошад, ки харҷи зиёди бетони сохтмониро талаб мекунад. Саволе ба миён меояд, ки барқи дар оянда истеҳсолшуда, оё  харидори худро пайдо мекунад?  Дар ҷаҳони имрӯза маблағи озод вуҷуд надорад. Сармоягузорони боақл барои чунин иншооти бузург, ки маблағи бениҳоятро талаб мекунад, маблағгузорӣ намекунанд",-шарҳ дод Крутов зимни мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Яке аз мавзӯъҳое, ки намонядагони Тоҷикистон метавонанд ба муҳокима бароранд, ин тозакунии обанборҳо, барқарор намудани низоми таъминоти барқ, ки ҳанӯз дар даврони ИҶШС сохта шуда буданд, бошад.

Ба фикри коршинос роҳи дигари рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон-ин сохтмони нерӯгоҳҳои хурди гидроэнергетикӣ мебошанд, ки барои интиқол додани барқ ба минтақаҳои мушкилгузар таъсири мусбат хоҳанд дошт. Ба ояндадории ин лоиҳаҳо нигоҳ накарда, ҳукумати Тоҷикистон аз идома додани сотмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун даст намекашад.

"Албатта, ба роҳ мондани  чунин лоиҳаҳо имкон дорад. Гап сари ин аст, ки ҳудуди Тоҷикистон калон буда, аҳолии он наонқадар зиёд аст. Ва аз нерӯгоҳҳои марказӣ кашидани хати барқ ба минтақаҳои кӯҳӣ маблағи бузургро талаб мекунад. Сохтмони нерӯгоҳҳи хурд дар  минтақаҳои аҳолинишин камхарҷ хоҳад буд. Вале мумкин ҳукуматии Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи барқи бузург-чун Роғунро барои дигар ҳадафҳо равона кунад. Аз як тараф чунин иншоот фишанги пурқудрат дар дасти Тоҷикистон буда, аз ҷониби дигар сарчашмаи тавлиди барқ барои корхонаҳои бузурги  ватанӣ, чун —корхонаи алюминибарор-ки муҳимтарин маҳсулоти содироти кишвар ба ҳисоб меравад, бошад",-мегӯяд Куртов.

Обанбори Норак - Sputnik Тоҷикистон
Бонки АвруОсиё дар барқарорсозии НБО Роғун маблағгузорӣ мекунад

Ёдовар мешавем, ки аз 28 то 30-юми ноябри соли равон барои бори чорум дар пойтахти Венгрия Саммити об баргузор мегардад. Дар кори ҷаласа намояндагони 117 давлат иштирок мекунанд. Мавзӯъи асосии саммит-норасоии оби тоза ва муҳокимаи пешниҳодҳо оиди ҳифзи сарчашмаҳои обӣ мебошад.

Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаҳои рушди лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ муҳокима мешаванд. Эмомалӣ Раҳмонро дар сафари корӣ вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати ҶТ Нурмаҳмад Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Моҳи августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе симпозиуми байналмилллалии Ҳадафи шашуми рушди устувор ва "Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт" баргузор гардид, ки дар натиҷаи кори он эъломияи ниҳоӣ қабул карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0